Номаи бози Файзинисо Воҳидова ба Президенти радиои "Озодӣ"

Соҷидаи Мирзо ва Файзинисо Воҳидова

Ба Президенти RFE/RL (Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ)

Ҷаноби Thomas Kent

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон як ҷузъи васоити ахбори омма маҳсуб йфта, бебаҳс хонандаи зиёд дорад ва мардум ба иттилооти ин расона эътимод ҳам доранд. Аммо, чанд соли ахир бино бар сиёсати духӯраи Радио ва беҳурматӣ нисбати беҳтарин хабарнигорони тоҷик, беасос ронда шудани онҳо аз РО, ки ҳоли ҳозир шумораи онҳо ба 40 нафар расиданд, ҷомеаро водор месозад, ки садо баланд кунем ва агар зарурате пеш ояд, барои бастани Радио ва қатъи фаъолияти он дар Ҷумхурии Тоҷикистон икдоми ҷиддие ба роҳ монда шавад.

Ин тахдид нест. Мо мардуми таҳаммулпазирем, аммо ҳама сабру тоқат низ меъёр дорад. Мо ғуломи Амрико набудему нестем. Мо миллати барӯманде мебошем, ки дар бисӯр бахшҳо кулли олам ва аз он ҷумла Амрикоро роҳ ба ояндаи дурахшон нишон додем.

Фарзанди тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ба шумо ва тамоми ҷаҳон илми тибро кашф карда, имрӯз тамоми ҷаҳон аз он баҳраманд мебошанд. Нахустин сафир фарзанди тоҷик буду асосгузори дипломатия ва сиёсатро Шумо аз тоҷик омӯхтед. Аввалин робитаҳои иқтисоду савдоро ба Шумо тоҷик омӯзонд. Аз ситорашиносу математик, химику физик будани тоҷик холо ҳарф намезанам.

Кифоя аст, ки бо ин далелҳо иктифо кунаму сари мавзӯъ оям.

Конгресси ИМА ҳамасола барои РО ба андозаи 6 млн. доллар баҳри чӣ ва кадом самти зарурии соҳот маблағ чудо мекунад? Барои таблиғу инъикоси сиёсати ИМА ва ё нозу карашмаи як хонуми тоҷик Соҷидаи Мирзо?

Конгресси ИМА аз хабарнигораш натиҷаи кору фаъолиятро талаб дорад ва ё нозпарварию иҷро кардани «каприз»-ҳои ин хонум дар мадди аввал меистад?

Ё сиёсати Амрико дар РО ин аст, ки миллати тоҷик баҳри чанд дона коғазҳои кабуди Шумо, ки доллар ном дорад, тамоми беҳурматӣ ва таҳқири Шумову як хонуме, ки аслан дар ҷамъи тоҷикон обрӯе надорад, таҳаммул бояд кунад?

Агар чунин мепиндоред, пас ин хатои бузург аст.

Чаро ҳарфи як хонуме, ки обрӯяш ду пули пучак надораду ҳамсари собиқ мансабдори порахӯри мақомоти давлатб буду ҳоло барои таъмаи ришва дар зиндон мебошад, болотар аз ҳарфи 40 нафар журналистони беҳтарини ҷомеаи тоҷикон мебошад?

Ин аст демократияи ғарб, ки 25 сол мешавад ИМА дар кишварҳои ОМ роҳандозӣ кардаасту аз он садо баланд мекунад?

Агар ин аст демократияи ғарб ва сохти давлатдории моро диктаторӣ меномед, пас бигузор давлати мо аз нигоҳи ИМА чунин боқӣ монад. Зеро, ин ҷомеа ба қадри нухбагонаш мерасад ва мисли шумо фирефтаи як хонум намегардаду бо чашми воқеият нигоҳ мекунанд.

Куҷост мантиқ? Вақте Абдуқаюми Қаюмзодро ба осмони ҳафтум баровардед, ҷоизааш додед ва хабарнигори беҳтарин эълонаш кардед ва бо як дархости хонум Соҷидаи Мирзо, ки ғуломи ВКХ буд, пеш аз маъракаи муҳимми сиёсӣ, интихоботи президентӣ ва парлумонӣ аз кор рондед.

Ҳарфи як зани эркаи Конгресси ИМА болотар аз ҷоизаи додаатон будааст?

Ба ҳамин васила чандин нафарони беҳтаринро бо як ҳарфи ин хонуми эркаатон аз меҳнат маҳрум кардед.
Инак, чанд рӯз аст, ки хабари аз кор ронда шудани боз як журналисти касбӣ, ки дар Радиои Озодӣ ғайриозод 16 соли умрашро сипарӣ кардааст, Мирзои Салимпур расид ва ин ҳам бо дархости Соҷидаи Мирзо. Аслан дар минтақаҳо ИМА бисёр дар бораи солҳои дароз ҳукмронӣ кардани роҳбарон интиқод мекунад, аммо Соҷидаи Мирзо чанд сол ҳаққи роҳбарӣ дар Бахшро дорад?

Ё то фавтидани Ҷаводӣ бояд роҳбар бошад? Оё маротибае ягон маводди навиштаи ин номбурдагонро дидеду хондед? Ягон маротиба худи онҳоро имтиҳон кардед, ки дар журналистика чӣ маҳорату чӣ касбият доранд?

Оё медонед, ки хабарнигорони бахши тоҷикии РО бо дастуру супориши ин хонум маҷбуранд бо ситоиши ҳукумати мо машғул шаванд на бо инъикоси воқеият?

Агар вазъ чунин идома ёбад ва ҳарфи як зани эркаи Ирону ИМА болотар аз фарзонаҳои миллати мо истад, пас ман тайёр ҳастам иқдоми қонунии муроҷиат ба СММ ва дигар созмонҳои дифоъи ҳуқуқи журналистонро ба зиммаи худ гирам. Бо роҳи мутамаддин ҳукумати ИМА-ро водор созам, ки нисбати миллати мо эҳтиром қоил намоянд.

Тоҷик миллат аст, миллати бузург!

Тоҷик миллат аст, на Соҷидаи Мирзо!

Тоҷик миллат аст, на иллат!

Шарҳи роҳбарияти бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ва мудирияти барномаҳои ин расонаи амрикоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ зуд, дар ҳоли расидан инҷо нашр хоҳад шуд. 

Назарҳо

Э кандата зан Файзинисо. Ана ина ватандусти патриотизмти миллат мегуянд.
Ду гуна маҳалгароист дар Радиои Озоди. Ё бояд аз Хатлон боши ё бояд аз Сугд. Пашшахои сугди бо дасти хатлони корашонро карданд ва Салимпурро ронданд. Акнун мактуб навишта истеъфои хатлониро талаб доранд. Ин чо Вохидова курбонии бозии ин пашахо шуд.
Чашм кушо ошно, дар Прагаю Душанбе дигр ягон сугди намондас. Салими Аюзода буд ки дигар отдел гузаштанд, Нурмаҳмад буд, кашфашона пеши пошон монданд. Тавбаю сад тавба, психологияи ин мардума хечам нафахмидем ? Кора мекунен, ба якдигартун дармеафтен, боз ки гунаҳкор? суғди ё ки ба гуфти худтун лелинободи. Хама гуноха ба сари "лелнободихо" мезанен Инсофам як зара даркор охир .
Ду бонуро ру ба руи якдигар гузоштед. Хеле мукоисаи судманд. ........ Бонуи эхтироми чомеаи мо Файзинисо Вохидова зани гамхури миллат, ватандусту механпарвар. Шахси окилу одил! Ахсант Бонуи гироми Файзинисо.
Будикизму Хатлонизм. Дар ин радио ба мардуми махалли - Душанбе рох нест. Салимпурро ин ду тоифа ронданд.
Оё маротибае ягон маводди навиштаи ин номбурдагонро дидеду хондед? Ягон маротиба худи онҳоро имтиҳон кардед, ки дар журналистика чӣ маҳорату чӣ касбият доранд? Воқеиятро навиштӣ, зиҳӣ Файзинисо ! Вале воқеияти РО - и Амрико ин аст, ки агар тамоми мардуми Тоҷикистон низ садо баланд кунад, боз ҳам тарафи ҳамон ду хидматгори мурдадили худ ... мегирад.
Дугонахо, дугонахо дугонахои бевафо!
Э Точнюсба гап нест. Лекин боб кардаст ахсантту Офарин ба Файзинисо Вохидова ин Радиои озодира боб кардику хубуш карди то кай инхо точикона масхара мекунан
Бо тамоми суханхои Вохидова рози хастам. Ин Сочида бо Чаводи Радиои Озодиро ба як "желтая пресса" табдил додаанд. Танхо ситоиши "дастовардхои" хукумати Точикистон, дастгирии хамчинсгароен ва рекламаи "ситорахои" хасакии эстрадаи точик. Комментхоро хам сахт цензура мекунанд. Радиоро ба "частная лавочка" табдил додаанд. Журналистони бонангу номусро пеш карданд, танхо тамаллуккоронро нигох медоранд. Ин хел Радиои Озодии бемавкеву мусолихаткор ба мо лозим нест. Сочида истеъфо! Чаводи истеъфо!
Дах сол боз ин дард дар родиои Озоди хаст ва махсусан махалгароии Соида ва эфталитгароии у мукоисанопазир аст. На факат аз кор ронда шавад, балки барои ин найрангу хиёнатхояш боясти чавоб гуяд. Сад хайфу сад шарм бод бар ту!!!!
Виркан дуруст хамакидаам ин Сочмдаи Мирзо миллати моро шарманда кард. Агар дар Радиои Озоди камтарин озодии минимализм бошад ин зан бояд ронда шавад. Ба бону Файзинисо Вохидова танхо ташаккуру Офарин мегуям. Навиштахояш самими, Аз тахти дил Хеле дарднок.
Танхо рахбаре,ки дар ин радио фазои солими кор баром бачахои точик фарохам кард ва "озоди" бо омаданаш ба маънои вокеъи ба як радиои дурусту хисоби табдил шуд. Маъсумаи Турфах буд. Ин бонуи кордону мохиру журналисти хирфавии солхо дар ББС кор карда,радиои " Озоди" -ро сохиби сайти хондани сохт ва у буд,ки кори сайти радиоро ба сурати профессонали ба рох монд. Дар давраи у буд,ки Озоди сохиби чойии нисбатан хубу муносиб барои кор шуд. У буд,ки озодонаву бо равиши демократи озмун эълом кард ва бачахои болакатро ба кор кабул намуд. У буд,ки аз хисоби бачахои точик дар Кобул дафтари кори кушод. У буд,ки шабакаи Озодиро дар минтакахои Россия ба рох монд. У буд,ки тамоми хакку хукукки кормандонро риоят мекард ва мегуфт журналистон хар сол хуб дам гиранд то хуб кор кунанд. У буд,ки барои у кулобиву гармиву сугди фарке надошт ва танхо тавону махорати кормандони махаллиро арч мегузошт. У буд,ки хамаро бо як чашм медидид ва пешрафти бачахо хурсанд мешуд. Дар давраи у агар вичдон доред бишуморед чи кадар бачахои точик дар дафтари Душанбе сохиби кор шуда буданд! Ин хамаро як зане,ки бисёрихо аз руи хасодату нотавонбини "эрони" -аш мехонданд ва мегуфтанд у мехохад радио "эрони" кунад. Акнун шумо тангназарону нотавонбинхо бубинеду шуморед,ки чи кадар бачахо дар давраи "салтанат" -и Сочида,ки ... аз радио барканор шуданд! Хамин бачахои Прага, аз чумла Мирзои Салимпуру дигарон,ки бо игвои апаашон Сочида ва пуштибонии шовинистарин рахбари Озоди Чаводии ...турки точикбадбин мактуби коллективонаи эътироз алайхи Маъсумаву Дориюши Рачабиён навиштанду бо кумаки "падар" - рахнамояшон Чаводии ... рохро барои рахбари точики радио бо номи Сочида кушоданд ва имруз ман боввар дорам аксарашон аз ин кори карда пушаймонанд вале пушаймони суд надорад. То замоне,ки Чаводи хаст, "истибдод" - Сочида хонум идома меёбад ва хеч касе аз бачахои Прага хоби ором нахоханд дошт, ки фардо онхор чи интизор аст. Пас натича хаммин аст: "тасфиякор" - ии Сочида идома меёбад ва мунтазир бояд монд бубинем боз киро кидат мекунанд. Вале инхо фикр намекунанд,ки бо ин кор тамоми журналистони радиоро аз куштан бадтар кардаанд ва аз хама буд ин ки бачахои душанбе бидонед,ки шумо барои Сочидаву Чаводи хеч арзиш надоред ва хар лахза шуморо хамон тавр ки Мирзоро "талок" доданд, шуморо хам рузе ба зуболадони " Озод" -и парт менамоянд!
Чаро РО шарх намедихад? Ду руз аст мунтазири пуосухи Сочидаи Мирзо ва е Чавводи мебошам. Сукут аломати ризо мегуянд, пас РО бо вачххои бону Вохидова ризо аст?
Агар ...медошт, кайхо аз кор мерафт ин Ҷаъфарова ! Озодиро бо пуштибонҳояш ба охурхона табдил дод.
Охир намешавад,ки як муддате радиои Озоди-ро байкот эълон намоем,шояд ин кор дихад,Шукр,ки Озодагон аст ва худи ин сомона низ ахбори дакик ва нав медихад,магар хатман зарур аст,ки бо ин ноадолати мо хар руз чанг ба ин сомона занем?
Ха ха ха !!! хестӣ ки хобат, ки ура мерондаан. Ура Радёй Америка меган, гапи Вохидовара ба як пули пучак намегиранг, баракс таги пойи сардоройи Озодира бакувваттар мекнан ки бинен Озодира аз Точикистонам танкидшон менан. Лекин мумкин каври Вохидовара канан .
Сафарбек, о каври Вохидовара чида меканан у ку дар Озоди кор намекна факат дилуш ба миллат сухтай бо хамука ки журналистора химоя кардай э хами мардума нафахмидум ки нафахмидум чум намедони чикот мекна.
Файзинисо, фикр мекуни рохи дуруст барои Пияр кардани номат ефти? Рости аввалин маротиб ин номро мешунавам. Фикр мекунам аксарияти хонандагон низ. Ба мартабаи С. Мирзо пеш нарасиди фикр мекуни дар сари пирият мераси? Ин кадар патриоти ватан боши даст ба синаат зада зиндагии гастербайтерхоро рафта бин. Не? Албатта не...номатро намебардорад Дия))))
Вокеан фахмидам ки аввалан мактубамро администратор мехондааст ))))ма'лум аст ки мактубхо селект мешаванд. ТОЧНЮС ПИЯР кунед худатонро фурсат омад хахахахахах
Сафарбек гап дар сари пули пучак нест гапи ВОХИДОВАРО ба пули пучак мегиран е дигар не, гап дар сари он ки Вохидова аз кадрхоои мо миллатамон дилаш сухта мурочиат кардаст ки ин бардак хотима ебад чува то хамин вакта касе ин журналистоя азобаша нанавишт?
Ин муаллима Воҳидова дигар ягон кор надошта бошад? Ҳамин кори журналистика монда буд дия! Радиои Озодӣ радиои давлатӣ набошад ҳам, дар ун ҷа ҳам Кӯлобиҳо властро гирифтаанд, барои он ки мардуми ҷасур ва донишманданд. Так что, дааамммм бгирен......
Бо ҳама эҳтироме ки ба оқои Мирзо салимпур дорам да Чароғи руз хам ки буд вай низ аз доири маҳали тангаш як кадам берун нарафт. Да Озодира хам баъди апаш Сожидабону худша чои дуввум медонист ба бачахо чавр мекард бехабар аз ин ки ин болопариданхош ба апааш намефорадша ва пайи кандани пойу кадамаш хастан . Чох канди ба чох афтиди акнун чи ика игво мекуни чанд сол чамуш карди аку бхур бигад дига дар дили Яврупо
Бачахои Озоди худшона куштан талош кардану сар ба сар задан во главе Сайёф и добились сардори худшон кадани як точик . Леки и хаммилат як короейе мекнад я махалбозихо ки шунави чашмот мош воре кушод мешава мемонад. Як ба гуфти худшон, аз манбаи аввал бачахойи Озоди шунавед, дар ин корхона як кисми аспи корию гуломи коргар як кисм лубимчики шефу дар катори вай хучаин. Аз ин 1001 бор бехтар набуд як хоричи рахбари Озоди бошаду одил бошад хамара ба як чашм нигах бикнад
2 дафъа матнро хондам.Як чумлаи бонуи мухтарам кофист ки мухтавои матнро дакик ва комил ифода кунад....."Оё медонед, ки хабарнигорони бахши тоҷикии РО бо дастуру супориши ин хонум маҷбуранд бо ситоиши ҳукумати мо машғул шаванд на бо инъикоси воқеият?" Барои тассаллои дили бонуи арчманд бояд зикр намуд: РУЗИИ РАВШАНДИЛОН АНГУШТИ ХУД ХОЙИДАН АСТ...............
Вазифаи асосии Радиои Озоди ин таргиби демократия ва озоди аст. Магар шуъбаи точикии Радиои Озоди хамин корро карда истодааст? Онхо бештар ба шарх додани хаводиси варзиш, шоу-бизнес ва сафархои президенти Точикистон машгул хастанд. Фикр мекуни ки ин радио аз тарафи хукумати Точикистон маблаггузори мешавад. Як шуъбаи точикии Радиои Озодиро бо шуъбаи русии Радио Свобода мукоиса кунед, фарк аз замин то осмон ба фоидаи радиои руси. Магар ба мо, мардуми Точикистон, чунин ба ном Радиои Озоди лозим аст? Не, лозим нест. Бехтараш онро бандед. Бехуда маблагро сарф накунед. Ин радио дар хаети чамъиятии Точикистон ягон таъсире надорад.
Брат , аввал саволро ба худат дех! Ое худат озод хасти? Медони чист озоди? Магар ягон бор тачрибаи озодиро дошти? Чи хел озодиро мафхум дори? Чи хел баен карди , Гайри он ки номатро панох дошта В" менависи хм? Чавоб ба хама малум...гуфти як брати дигар даммммм бги ))))))
Мардуму миллати точик бароям хеле азизу гаронмоя ва тули ин 30 соли хичрат танхо аз волотарин фарханги хамватанонам чур мезадам. Ва худи хозир ин мурочиатномаю коментхоро хондаму хуш аз сарам парид. Гуфтам, наход ин хама харфи точику точикистониен бошад. Ман хеч гох ин миллатро чунин хору залил надида будам ва ба холи ин миллат намедонам ашк бирезам ва е гиря. Маълум, ки муаллифон хама рузноманигор ва е собик кормандони РО бо як кинаву адоват мукобили хам сипар шудаанд. Гуе, ки ягон бомби хастаи болояшон инфичор шуда бошад. Як зани муштипар, ун хам аз доирахои хабарнигорон нест, Бонуи хеле азизу гироми (гарчанде бори нахуст матлаби ин бонуро мехонаму ошно нестам) Файзинисо Вохидова ба химояти миллат, миллати азизу бузурги точик, бар химояти жкрналистон камар бастааст. Харфи худро ба Вошингтон ироаъ кардааст. Шумо ин кахрамонии Бонуро бархе "пиар" номидеду, бархе миллатгарои ва хатто кабрашро кандеду баробар ба ду пули пучак бахояш додед. Шарм накардед огоз аз навиштани чунин харфи беарзиш? Шумо худ матонату часорати мурочиат е харфе доред, то каси дигарро маломат занед? Ман точикам, Точикистони нестам, аммо ба холи зори шумо мегирям. Шумо худ барои ин миллат харфе задед е коре анчом додед? Дарафтодани мардхои бо ном "кахрамон" ба ин зан, ба суи дигар бурдани бахс ва гайбату таънаи маломат, чустучуи чирк аз зери нохун худ аз арзишу чойгохи яко яки шумо гувохи медихад. Ман точикаму ватанам Узбекистон, ки бо вучуди надоштани шиносномаи ин кишвар ватанам мехисобам ва аз сахтии сиесати рохбари давлат, фишор болои афроди рушодгуфтор ватанамро тарк карда, хамеша бароям Точикистон идеали рузгору зиндагиам буд. Мисли Точикистон орзумекардам, ки дар ватани ман низ озодии баен хузур дошта бошад. Шумо ба кадри ин озоди нарасидед, онро буги кардед, куштед. Барои он, ки таънаю маломат, бухсу бахилиро пешаи худ кардед. Суханро ба дарозо намекашам, ягона умед дорам, ки миллати точик ба кадри нухбагонаш (боз хам аз суханони Бонуи гиромидошт Файзинисо) хохад расид. Ман тайер хастам, зари пойи ин зани часур сари таъзим фуруд орам. Дигар, Худо нигахбон! Аз маъмурияти сомона хохиш менамоям рози дили як хаммиллати худро бе тахлил руи сахфа оред!
Самарканди, росту хакикатро навиштанд нихоят дарднок.
Окои Самарканди ана барои хамин ба хонуми дилсуз номидаатон,ки дар пешаш чоркад шудед, фахмонда монед, ки ун кадар мехохад, проблемахои зиед мавчуданд яке зиндагии гастербайтерхо, яке дарефти террорист ки 3000000 тайер хастанд диханд ва ба назар гирад ки ин проблема глобали хаст ва аз дасти Жанна Дарки сохташудаи шумо меомада бошад, дигар проблемахо, ки шахр доданаш зарур нест ин мавзухоро ба назар гирад На ин ки ки Киро аз кор ронд вас ба портманеи дигарон бо хасад нигаристан!!!
Сино эээ ту гзарондику о наход у проблемата се млоин барои полковника ефтанша гастебартера хами занак халуш бкна набоша яго вазифаи министра тенша у хал бкна. Я чизои менвиси ки калара гич мекна
Сино э миллатамона шарманда накну лучши зунуката бгир хами Самарканди ай Точикистон набудаю миллати мова химоят кардай чи тра мефора танкид кнан?

Шояд шумо суол ё назаре доред?