Ноҳияи Спитамен:15 корхонаи нав дар панҷ сол, аммо ҷойи кор нест...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, гуфт, ки зарфи панҷ сол дар ноҳияи Спитамен 15 корхонаи нав оғоз ба кор кардааст. Аммо коршиносон бар онанд, ки дар ноҳия, мисли вилоят ва кишвар ҷойи кор нест, ки ҳудуди як миллион нафар ҳамасола ба муҳоҷирати корӣ мераванд.

Сарвари давлати Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар ҳузури сокинони ин ноҳия суханронӣ мекард, кишоварзиро соҳаи афзалиятнок дар ин ноҳия донист ва гуфт, ки  дар давоми шаш соли охир афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ якуним баробар зиёд шудааст.

Агар соли 2010 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 164 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 260 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Буҷаи ноҳия аз 160 ҳазор сомонии соли 1992 ба 40 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст. Дар ҳоле, ки ҳукумати феълӣ тақрибан ҳар ҳафта аз сохтмони даҳҳо корхонаҳо дар саросари кишвар иттилоъ пахш мекунаду аз "дастовардҳои бузург" ва корнамоиҳо дар навоҳии кишвар ситоиш мекунад, дар панҷ соли ахир сафи бекорон дар Тоҷикистон афзуда, ҳамоно ҳудуди 1 миллион нафар тоҷикистониён дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. 

Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ин давра рушди ночизе дошта,  бинобар гузориши ахири СММ камтар аз 1080 доллар сари аҳолиро ташкил медиҳад, дар ин рейтинги СММ Тоҷикистон дар қатори ақибмондатарин кишварҳои африқоӣ қарор дорад.
Чаро "сиёсати созанда" самара намедиҳад, интригаи рӯз боқӣ мемонад...

Шояд шумо суол ё назаре доред?