Низомии пешини ИМА дар дуздии асрори давлатӣ айбдор мешавад

Додситонии кулли ИМА рӯзи панҷшанбе капитани бознишастаи нерӯҳои баҳрӣ Ҳаролд Мартинро расман ба рабудани 500 миллион сафҳа ҳуҷҷат, аз ҷумла асрори муҳими давлатӣ, айбдор кард.

Ҳаролд Мартин баъди истеъфо аз артиш дар Оҷонсии амнияти миллӣ, ки ба иктишофи электронӣ машғул аст, ба кор даромадааст. Тибқи хулосаи тафтишотӣ, вай ҳуҷҷатҳоро давоми бештар аз 20 сол аз Оҷонсӣ берун кардааст. Қисме аз маълумот дар шакли коғаз ва қисми дигар дар шакли электронӣ будааст. Мартин ҳанӯз моҳи август боздошт шуда буд.

Ҳоло Додгоҳи федеролии Амрико қарор мекунад, ки Мартин то оғози муҳокима дар зиндон монад ё не. Тавре додситонӣ хабар медиҳад, Мартин даҳ силоҳи оташфишон ба даст овардааст ва вақтҳои охир талош мекард, ки далели дуздии ҳуҷҷатҳоро пинҳон кунад. Додситонӣ ҳамчунин мегӯяд, айбдоршаванда имкон дошт, ки маълумоти рабудаашро ба душманони ИМА диҳад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?