"Нигоҳ": Танз - Боз савол дорӣ?

Раъйпурсӣ ҳам гузашт. Агар ба КМИР бовар кунем, дар ин маъракаи мушим қариб тамоми Миллат иштирок кард. О, не, охир, бовар кардан шарт нест, саросема нашавед, агар бисёр маҷбур кунанд, он гоҳ бовар мекунем. Маҷбур караданӣ шаванд, ман шуморо огоҳ мекунам, натарсед...

Таронаи тӯёнае, ки солҳои аввали 90-уми асри гузашта маъруф буд, ба ёд оред: “Агар фармон диҳӣ, ҷон месупорем!”  Гуфтаниам, ки ҳоло фармон нашудааст, фармон шавад, ҳама бовар мекунем. Ман, албатта, рост мегӯям, ки шӯхӣ мекунам... Не, бовар накунед, ба ман ҳам бовар накунед!

Хуллас, КМИР эълон кард, ки дар раъйпурсии 22-юми май 92 фоизи онҳое, ки ҳаққи ширкат доштанд, аз ин ҳуқуқашон истифода карданд. Сомонаҳо ҳамин хел навиштанд, саросема нашуда гӯш кун, э, бача! Мон, ман гапамро тамом кунам. Не, такрор мекунам, ин гапи КМИР - Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аст. Шуморо маҷбур накардам, ки бовар кунед... Оббо-е-е! Гуфти як муаллими мо, чӣ хел 9 моҳ дар шиками  модарат тоқат кардӣ, ту бача...

Ху-у-уб, аз ҳамин 92 дарсад иштироккардагон 94,7 дарсадашон тарафдор ва 3,3- и боқимонда муқобил овоз доданд...

Чӣ хел, тарафдорӣ чӣ? Э, бачаи хира будаӣ-да! Ист, фаҳмонам...

Саволат ҷон дорад, рости гап, ман ҳам намедонистам, ки кӣ тарафдори чӣ... кӣ муқобили боз як чии дигар буд...

Не, як-ду бор навиштанд дар газетаҳо, лекин ману ту газета намехонем-ку. Аз куҷо фаҳмем?! Гуфтанд, ки рафта овоз диҳед, Сулҳу Ваҳдат давом мекардаст, рафта овоз додем, тамом. Фарқаш чӣ ба кӣ, ё ба чӣ?

Баъдан, вақте қариб 95 дарсад тарафдори чизе бошанд, дигар муҳим намешавад, ки ба чӣ овоз доданд, не? Як фикр кун, ту мантиқ хондаӣ?! Э, маладес! То охираша гӯш кун!

Ҳа, дар воқеъ, нав - имрӯз фаҳмидам. Вақте аллакай овоз дода будам. Не, барои тағйир додани райъам дер шуда буд. Не, агар барвақттар ҳам мефаҳмидам, аз райъам намегаштам. Чаро? Ман мантиқ хондагӣ, додар! Дарс додагӣ, гӯем ҳам мешавад.

Умуман, ман 10 сол шуд, ки фақат тарафдор. Қонунро чаппаву роста кунанд, ҳам тарафдор, ҳатто, агар оташ зананд ҳам, ман тарафдор! Хоҳиш мекунам, зиракии сиёсиро аз даст надода, саволҳои созанда диҳед....

Экстремист набошед боз? Ҳозир бисёр шудагӣ... шумо баринҳо. Иғво меандозанду баъд гурехта мераванд. Ман гуфтам-ку шӯхӣ мекунам, ки рост мегӯям... 

Дар қонун чӣ тағйир ёфт? Ту бояд ҳама чиро донӣ-а?!!!

Ба чанд даромадӣ? Ба 28? То интихоботи ояндаи президентӣ 32-сола мешавӣ. Он вақт ҳақ дорӣ, ки номзадиятро пешбарӣ кунӣ? То ин вақт қонун иҷозат намедод, ки то 35-солаҳо номзад ба президентӣ шаванд. Акнун иҷозат ҳаст, ки аз 30-сола боло номзад ба президентӣ шаванд. Фаҳмидӣ?

Боз чӣ хел овоза? Не, писари президент ин ҷо дахл надорад. Дуруст аст, ки вай ҳам ҳамсоли ту аст, аммо ба тағйир додани қонун дахл надорад. Аммо ту ҳам ин ҷо дахл надорӣ. Боз номзадиямро мемонам гуфта кӯшиш накунӣ, фаҳмидӣ?

Боз як тағйироти дигар шуд. Тағйироти асосӣ: Фақат Пешвои Миллат ҳақ дорад, ҳар қадар хоҳад, номзадияшро ба президентӣ монад. Дигарон на бештар аз ду маротиба. Акнун фаҳмидӣ, ки чаро касе ин ҷо дахл надорад?

Не, ҳама хурсанд, демократҳо ҳам шодӣ карданд, сотсиалистҳо ҳам, коммунистҳо ҳам. Фақат оппозитсия дар ғарибӣ обичашм рехт. Додоҷони Атовулло ҳам мотам эълон кард, “тобути демократияро ба гӯр мондем” мегуфт. Ҳазл мекунад, гӯё фаромӯш карда бошад, ки ин маросим пештар сурат гирифта буд. Каме баъдтар аз ҷаноза, қонуни танзим қабул шуда буд. Ёдатон ҳаст?

Коммунистҳо не, онҳо ба Думаи давлатӣ муроҷиат карданиянд, адресашро наёфта саргардонанд. Сотсиал-демократҳо гурехта рафтанд-ку, баъди интихоботи парлумонӣ.

Албатта, дар Душанбе ҳама хурсандӣ карданд. Ҳоло КМИР маълум накардааст, ки чанд дарсад аз натиҷаи райъпурсӣ ва чӣмиқдори дигар аз муаррифии таронаи “Шӯяк-шӯяк-шӯякъш”-и Фарзонаи Хуршед хурсандӣ карда бошанд. Ба ҳар ҳол, эълон накардааст. Лекин бояд кунад. Ҳа, ин таронаи хуб ҳам ҳамин шабу рӯз муаррифӣ шуд ва ба ҳусни ин маърака зам кард.  

Оппозитсия ҳам фақат ҳамон рӯзи райъпурсӣ гирист. Шояд таронаи Фарзона ба онҳо ҳам рафта расид, ки ҳамааш ба маҷрои пешина баргашт. Сеҳри овозу мусиқии Фарзонаро бинед, ки оппозистсияи ғариб зуд аз заъифнолӣ ба ҳазлу шӯхӣ гузашт. Оппозитсия аз Аврупо истода эълон кард, ки дар райъпурсӣ 25 дарсад иштирок кардааст. Завқи ҳаҷвашон баланд аст. Мо 2,5%-ро чӯт зада будему инҳо якбора ба 25 бароварданд!

Боз кӣ савол дорад? Марҳамат. Дод назанед, ман микрофонатонро кушта мондагӣ, аздусар касе намушанвад шуморо! Ғайр аз ман. Шумо гап задан гиред, ба гӯши ман нарезондаву начаконда мерасонанд. Боз чӣ хел прослушка? Ин бача қариб тамоми сирри давлата фош мекунад. Аъзои ягон ҳизб не-мӣ ту, ҳӯй?!

Ду дарсад  куҷо шуд,мегӯйӣ? Ҳа, 94,7% +3,3% = 98%. Саволат воқеан мантиқ дорад, мантиқи математикӣ! Ту, бача, аз ҳад зиёд доно менамоӣ, дар хориҷа таҳсил накарда бошӣ?! Хоҷагони хориҷӣ бурда хуб дарс додаанд-а?

Литсеи туркӣ? Ҳа, худӣ буд-ку! Дар мактабҳои мо 20 сол боз ту баринҳоро дучор шудан душвор. Барои ҳамин мепурсам...

Хайр, ман аз куҷо медонам, дударсад куҷо шуд. Э бача! Мумкин онҳо бюллетенҳоро бо худашон бурда бошанд, коғаз даркор шудааст шояд, одамӣ-дия! Ё мумкин навишта наметавонистанд. Масъалаи мактабҳоро гуфтам-ку.

О, баъд ин ки, 98, 99% фарқаш чӣ?

Ҳой! Бачаеро, ки дар қатори 3-юм шиштааст, хоб бурдааст! Занед ду-се шаппотӣ, бедор шавад! Канӣ милисаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ? Як -ду торсакӣ занед, бедор шавад! Аз афташ, ин ҳам 100% не, ё 99 ё 98% барин... Симояш ҳам ким чи хел, ориёӣ не, ба фикрам... Ҳа, не, ориёӣ будааст. Хайр майлаш, нарасед! Нарасед гуфтам! Чаро задӣ? Чӣ хел ту назадӣ, ҳама дид, ҳама шунид, ки задӣ. Чӣ? Дастат зад?Одат кардааст-а, сабил монад! Хайр, ҳеч гап не! Бо ду-се торсакӣ ҳеч кас намурдаст! То тӯяш нағз шуда меравад.

Давом медиҳем...

Ҳой, бача! Нагурез!!! Беҳуда задед, рафта доред, боз Сурия наравад беақлӣ карда! Не, ман нагуфтам, ки Сурия рафт. Ман гуфтам, беақлӣ накунад, тамом! Монед равад!

Давом медиҳем...

Монед, шаб аз хонаашон дошта, рост ба Ҳалқаёр - хизмат роҳӣ мекунед. Баъд мерасад ба қадри Модар-Ватан!

Давом медиҳем...

Боз кӣ савол дорад? Боз ту савол дорӣ? Ба дигарон навбат он тараф истад, фурсат намедиҳӣ, ки гапашонро хойида, баҳузур фурӯ баранд. Хайр майлаш, пурс, лекин охирин савол...

Сими микрофон канда шуд, вақт ҳам тамом шуд, тоқати ман ҳам. Хайр, дар райъпурсии дигар мепурсӣ саволатро. Зинда бод Сулҳу Ваҳдат! Саломат бошед! Як ҷаҳон ташаккур!

Фаридун РАҲНАВАРД, “Нигоҳ” №9(492), аз 25-уми майи соли 2016 

 

 

Назарҳо

Oli Faridun boshi to boshem, namedonistam ki hajvnogor ham hasti)))))))

Шояд шумо суол ё назаре доред?