Нигаронии пайвандон аз вазъи саломатии собиқ сардабири «Наҷот»

Саломатии Ҳикматулло Сайфуллозодаи 66-сола, собиқ сардабири нашрияи «Наҷот» , ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ дар боздоштгоҳ вахим шудааст.

Ин хабарро пайвандон ва собиқ аъзои ҳизб дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расонаӣ карданд.

Як манбаъи Тоҷнюс дар боздоштгоҳ дар шарҳи ин хабар гуфт, ки ҳамсари Сайфуллоҳзода дар як ҳафта ду маротиб инҷо  ғизо меорад.

«Агар аз саломатии шавҳараш нигарон аст, марҳамат ба Суди Олӣ дархост нависад ва фавран иҷозаи вохурӣ дода мешавад. Ҳамсарони онҳое, ки ҳукми абад гирфитанд ду ҳафта қабл ҳам ҳамин идаоро доштанд. Ба суди Оли дархост карданд, иҷоза дода шуд як соатӣ вохӯрданд. Хотирашон ҷамъ шуд. Сайфуллоҳзода, чандон ғизо намехӯрад, вале саломатиаш хуб аст»-гуфт манбаъ.

Аммо як манбаъи дигари Тоҷнюс, ки дар боздоштгоҳ Сайфуллозодаро дидааст, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки "Сайфуллозода" аз дарди пой азият мекашад ва ниёз ба ёрии тиббӣ дорад". 
Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, ҳамроҳ бо 13 тан роҳбарони ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бо ҷурми шарикӣ дар "исёни Ҳоҷӣ Ҳалим" боздошт шуда буд.

Аз рӯзи аввал дар боздошт қарор дошт ва аввали моҳи июли соли ҷорӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ 66 сол дошта, чанд соли охир сардабири нашрияи «Наҷот» буд. Баъди боздошти роҳбарони ин ҳизб ва манъ шудани фаъолияти он нашрияи мазкур ҳам аз чоп монд.
Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар бораи тақдири Сайфуллозодава боздоштшудаи дигари ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ, ки ҳамчунин сардабирии маҷаллаҳои наҳзатиёнро ба уҳда дошт, изҳори назар накардаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?