Нигаронии Оғохони IV аз қатли пайравони мазҳаби исмоилӣ дар Покистон

Оғохони IV, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон аз ҳалокати 43 узви ин ҷамоат дар Покистон нигаронӣ карда, онро “як хушунати бемаънӣ бар зидди ҷомеаи осоишта” унвон кардааст.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон гуфтааст,  ки аз ҳамла ба автобуси ҳомили аъзои ин ҷамоат дар роҳ ба самти корашон дар Покистон ғамгин ва амиқан нигарон аст.

-Ин ҳамла нишондиҳандаи як хушунати бемаънӣ бар зидди ҷомеаи осоишта мебошад. Афкор ва дуоҳои ман ҳамроҳи қурбониёни ин ҳамла ва хешовандони онҳо мебошанд,-гуфтааст Оғохони IV.

13-уми май дар ноҳияи Сафора Човранги Карочӣ афроди мусаллаҳи ношинос ба автобусе, ки беш аз 50 пайрави Ҷамоати Исмоилӣ савори он буданд, ҳамла карда, 16 зан ва 27 мардро ба ҳалокат расонданд.  

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?