Наздикони боздоштшудагони "ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим" ба мурофиа чун шоҳид даъват шуданд

Бархе аз наздикони боздоштшудагони қазияи "ошӯб"-и генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикитонро мақомот ба ҳайси шоҳид ба мурофиаи судӣ, ки дар назар аст имрӯз 4-уми май баргузор шавад, даъват кардаанд.

Дар ин бора наздикони ин боздоштшудагон хабар медиҳанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, мақомоти аз онҳо дархост кардаанд, то назди бинои Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Душанбе бо шиносномаҳо ҳозир шаванд. Ҳамсари яке аз боздоштшудаҳо дар пайи ин қазия, дар суҳбат ба хабарнигори ТоjNews гуфт: "Моро ба ҳайси шоҳид даъват карданд. Ростӣ ҳайронем, ки чӣ кунем, зеро аллакай метарсем. То ин вақт ба мо ҳатто иҷозати вохӯриро намедоданд. Оё онҳо сиҳату саломат ҳастанд, мо дар бораашон тақрибан чизе намедонем. Мақомот гуфта буданд, ки нафарони таслимшуда аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

Шавҳарони мо худашон таслим шуданд, вале ягон сабукӣ надидем. То ҳол нашунидем, ки ягон нафар аз ин гуруҳи калони боздоштшудагон озод шуда бошад.

Мо як гурӯҳ ҳамсарон ва бародарони боздоштшудагон ба Суди олии Тоҷикистон муроҷиат кардем, ки ба мо иҷозати дидорбинӣ бо ҳамсаронамонро диҳанд. Акнун шояд ҳамин дастгирии Суди Олӣ буд, ки моро ба ҳайси шоҳид ба мурофиаҳо даъват карданд. Ақаллан рӯяшонро мебинем, ҳарчи набошад...»,- мегӯяд ҳамсари яке аз боздоштшудагон.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нимаи аввали моҳи сентябри соли гузашта бо пахши як изҳорот гуфт, ки Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ бо раҳбарии бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ гурӯҳи ҷиноятпеша ташкил кардааст.

Дар изҳороти прокуратураи генералӣ, ки 17-уми сентябр нашр шуд гуфта мешуд, “Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст”.

Ҳодисаҳои 4-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ва ШКД-и шаҳри Ваҳдатро “амали гурӯҳҳои ҷиноятпешаи номбурда” меномад.

Прокуратура хабар дод, ки “зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд карда шуда, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд”.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро низ узви ин гурӯҳи ҷиноятпеша номида, таъкид мешавад, ки “дар рафти тафтиши пешакӣ ба молу мулки шахсии Назарзода А.М. ба миқдори 9 корхона, 9 манзили истиқоматӣ, 56 адад воситаҳои нақлиёт ва дигар ашёи ғайриманқул ҳабс гузошта шудааст. Инчунин, ба 3 манзили истиқоматӣ, шумораи зиёди техникаи хоҷагидорӣ, як бинои дуошёна иборат аз 27 ҳуҷра, 2 адад хонаи истиқоматӣ иборат аз 20 ҳуҷра, 2 адад сохтмони нотамом, корхонаҳо ва сехҳои дигари истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо масоҳати зиёда аз 26 гектар, шумораи зиёди чорвои калони шохдор ва ғайраҳо, ки ба аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятӣ Муҳиддин Кабирӣ ва Ҷунайдулло Умаров  тааллуқ доштанд ва арзиши умумии онҳо зиёда аз 120 млн. сомониро ташкил медиҳад, низ ҳабс гузошта шуд.

Дар рафти амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки рӯзи 16 сентябри соли ҷорӣ сурат гирифт, саркардагон ва ҳаммаслакони гурӯҳи террористии номбурда безарар ва дастгир карда шуданд.

Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зерин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ буда, дар амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода А.М. гумонбар дониста шудаанд, баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ ва фирор аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд:

1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;

2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0;

3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8;

4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;

5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15;

6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;

7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;

8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6;

9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;

10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40;

11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;

12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;

13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10;

Мурофиаи судии гуруҳе, ки бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода боздошт шудаанд, аз ҷумла аъзои ҳизби акнун мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон дар боздоштгоҳи КДАМ паси дарҳои барои журналистон ва ҷомиаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мегузарад.    

Назарҳо

Салом ба хамаи хонандагони гироми! Гуфтани хастам ки дар хамин тема ягон навигари бошад аз аввал Яьне 4 сентября дубора хамаи чизро такрор мекунед ду чумла хабари нав Вале беш аз 10 прогроф хабари такрори. Хамаи ин праблемахо интифок афтода дар солхои ахир ба хотири набудани демакратия ва озодии дин аст ва поймол намудани арзишхои исломи аз тарафи хукуматдорон дер набошад ки аз сиесатхои хатои худ пушаймон шаванд Вале хеч фоидае барояшон набошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?