Назарбоев мехоҳад, қудратро баробар тақсим кунад...

Нурсултон Назарбоев тасмим дорад, ки ваколатҳои парламент ва ҳукуматро дар кишвараш зиёд карда, салоҳиятҳои президентро коҳиш диҳад.

Нурсултон Назарбоеви 75-сола, ки 24 сол аст, дар Қазоқистон президент мебошад ва то охири умраш ҳуқуқи боқӣ мондан дар ин маснадро дорад, қасд кардааст, ки салоҳиятҳои парлмент ва ҳукумат низ бештар карда шавад.

Ӯ дар мулоқоташ бо сарвазирони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дар Қазоқистон гирди ҳам омада буданд, гуфтааст, “шояд ҳақу ҳуқуқҳои бештаре ба парламент ва ҳукумат дод. То ҳол дар мо ҳокимияти президентӣ ҳукмфармост. Бо рушди синфи миёнаи иқтисодӣ ба назарам зарур аст бо тазъифи ҳокимияти президентӣ салоҳиятҳои бештареро ба ҳукумат ва парламент диҳем”.

Қазоқистон ҳоло барои дар амал татбиқ кардани ин андеша ба корҳои амалӣ шуруъ шудааст. Нурсултон Назарбоев дар миёни президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин раҳбари дарозумрест, ки дар ин бора ҳарф зада, иқрор мекунад, ки салоҳиятҳои президент аз салоҳиятҳои ҳукумат ва парламент фаротар мебошад.

Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки бо ислоҳи дастгоҳи идораи давлат пеши роҳи ворид шудани шахсони тасодуффӣ ба корҳои давлатдорӣ гирифта мешавад. Мансабдоре бо тай кардани зинаҳо боло меравад, на ки як соҳибмансаб ҳар касеро, ки хост, дар вазифа таъин кунад. Президенти Қазоқистон гуфтааст, ки “ҳоло масалан, губернатори навро таъин мекунед, вай дарҳол ба интихоби командаи худ шуруъ мекунад. Ҳоло мехоҳем аз ин ҷилавгирӣ намоем”.

Ба андешаи ӯ демократия дар Қазоқистон чунон аст, ки ҳукумат дар назди мардум бояд ҳисобот диҳад. “Ҳама кори мо бояд шаффофу озод бошад , ба ҷуз ахбори сиррии давлатӣ мардум бояд ба ҳар ахбори дигар дастрасӣ дошта бошанд ва бояд донанд, ки дар кишварашон чӣ мегузарад. Буҷаи давлатӣ бояд шаффофу озод баррасӣ шавад, дар парламентҳои маҳалҳо бо ширкати созмонҳои ҷамъиятӣ ва одамон. Ва ҳар соҳибмансаб дар ин замина бояд ҳар шаш моҳ аз кори анҷомдодаи худ дар назди мардум ҳисобот диҳад ва ба саволҳои онҳо посух дода тавонад”.

Тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Қирғизистон сохтори идораашон президенст. Президент дар кишварҳо аз салоҳиятҳои билоқувва бархӯрдоранд. Ин тасмими Назарбоев то куҷо самимӣ ва ҷиддист қазоват кардан бармаҳал аст. Вале ин гуфтаҳои ӯ аз ҷониби дигар ҳамтоёнаш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чигуна қабул мешавад, интирига боқӣ мемонад.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

ҳоло масалан, губернатори навро таъин мекунед, вай дарҳол ба интихоби командаи худ шуруъ мекунад. Ҳоло мехоҳем аз ин ҷилавгирӣ намоем”.дар хакикат ин масъалаи чидди аст. Командаи худ кист- шиносхо, хамкурсхо. хешу табор, хамкорхои собик, махаллахо,гурухое, ки максадхои гуногун доранд ва гайрахо. тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ин харакатхо манъ карда шуданд. Командаи худ кормандони болаёкатро танг карда мебарорад ва ба сифати хайати кадриро , шуури касби ва идоракуни дар умум таъсири манфи мерасонад
. “Ҳама кори мо бояд шаффофу озод бошад , ба ҷуз ахбори сиррии давлатӣ мардум бояд ба ҳар ахбори дигар дастрасӣ дошта бошанд ва бояд донанд, ки дар кишварашон чӣ мегузарад. Буҷаи давлатӣ бояд шаффофу озод баррасӣ шавад, Ва ҳар соҳибмансаб дар ин замина бояд ҳар шаш моҳ аз кори анҷомдодаи худ дар назди мардум ҳисобот диҳад ва ба саволҳои онҳо посух дода тавонад”. Яке аз афзалиятхои сиёсии Чумхурии Точикистон . ин озод будани ирода аст. Ин яке аз омилхои саривактии муайян ва батараф намудани хатогихост. Инчунин ба рушди чомеъа мусоидат менамояд. Лекин афсус аз ин самараи азалии миллати фархангпарвару тараккихои моро баъзе гуруххои дохили, ки то хозир пояи миллатсозию давлатсози нарасиданд ба максади гаразноки худ стифода намуда , ба андешаи мардум ва идораи давлат таъсири манфи мерасонанд..

Шояд шумо суол ё назаре доред?