Назарбоев бо дарёфти 97,5 дарсад орои мардум президент боқӣ монд

Президенти бебадали Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо дарёфти 97,5 дарсад орои мардум бори дигар раиси ҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд.

Бино ба иттилои Комиссияи интихоботии Қазоқистон 26-уми апрел 95,11 дарсади интихобкунандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Омори дақиқ аз шумориши орои мардум то ин замон интишор нашудааст, вале комиссиюни интихоботӣ пирӯзии Назарбоевро эълон намуд.

Ҳамзамон бо ин комиссиюни интихоботӣ  натиҷаи муқаддамотии райъгириро ба ин тартиб эълон кард: овози аз ҳама бештар (97,5%) насиби Нурсултон Назарбоев шуд.  Тургун Сиздиқов, раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон ва Абелгазӣ Кусаинов, раиси Иттиҳодияҳои синфии кишвар, ки аз рақибони дигари Назарбоев буданд, ба дарёфти 1,87 ва 0,63 дарсади овози мардум шарафёб гардиданд. 

Нурсултон Назароев 75 сол дошта, аз соли 1989 дар сари қудрат аст ва яке аз пирсолтарин роҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб мешавад.

 Аз замони касби истиқлолияти Қазоқистон танҳо як маротиба интихобот дар вақту замони қонунии худ баргузор шуда, чор маротиба ( солҳои 1991, 1999, 2011, 2015) интихобот пеш аз муҳлат ва як маротибаи дигар (соли 1995) аз тариқи райъпурсӣ  доир шудааст, ки ҳамеша пирӯзи он боз ҳам Нурсултон Назарбоев будааст.

Чор сол пеш ҳам Назарбоев бо дарёфти 95,5 дарсад овози мардум раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуда буд. 

Copyright © 2015 TojNews  

Назарҳо

исроф харом.интихоботеки дар осиёи миёна мешавад,ман хамчун бехуда ва исроф мешуморам...натичаро 100фоиз пешвои миллаташон нурсултонбой гирифтан гуянд хам касе набояд хайрон шавад...

Шояд шумо суол ё назаре доред?