Натиҷаи сабқати лижаронӣ миёни кӯдакону наврасон дар “Сафед Дара”

Дар Маҷмааи лижаронии “Сафед Дара” баъди азнавсозӣ нахустин сабқати лижаронии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур 27-28-уми феврал доир шуда, дар он наврасони аз 5 то 18-сола иштирок карданд. 60 лижаронҳои ҷавони тоҷик дар ду намуди лижаронӣ - слаломи хурд (380 метр) ва слаломи калон (800 метр) байни ҳам сабқат карданд.

Дар слаломи хурд Баркатулло Зокиров, Рафеъхони Абдураҳим ва Мақсуди Миралӣ сазовори ҷойҳои аввал ва Сайфиддини Низом, Зикруллои Шамсулло, Маъруфҷони Шералӣ ҷойҳои дуюм; Иброҳи Ҷунабойӣ, Муҳаммадҷони Хайрулло ва Носири Сайдалӣ бошанд, ҷойҳоли сеюмро ишғол карданд.

Дар слаломи калон Баракатулло Зокиров, Фариддуни Аслиддин, Саидшараф Эшонов, Ҷаҳонгири Каромиддин ҷойҳои аввал; Сайфиддини Низом, Муҳсин Умаров, Зикруллои Шамсулло, Мақсуди Миралӣ ҷойҳои дуюм ва Бахтовари Холназар, Ғаффор Ҳаётов, Рафеъхони Абдураҳим ва Билоли Холназар ҷойҳои 3-юмро ишғол карданд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Асотсиатсияи бозиҳои зимистонаи варзишии Тоҷикистон ва Маҷмааи варзишии “Сафед-Дара” баргузор гардид.

 

 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?