Нашри рӯйхати биноҳои таърихии Душанбе: "Лоҳутӣ" ба кинотеатри "Орлёнок" мекӯчад

Ба ҳунармандони Театри Лоҳутӣ дастур шудааст, бинои ин театрро ҳарчи зудтар тарк кунанд ва ба бинои кинотеатри куҳнаи “Орлёнок” бикӯчанд.

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 28-уми апрел ба ҳунармандони Театри академӣ –драммавии ба номи Лоҳутӣ амр кардаанд, бинои театри мазкурро тарк кунанд.

Роҳбарияти ин театр дар ин бора ба TojNews гуфтанд, супориш доданд, биноро тарк кунем ва ба кинотеатри «Арлёнок», ки дар маҳаллаи «Советский» кӯчаи Борбад воқеъ аст кӯч бандем.

Бо санад омаданд ва гуфтанд, ки бояд биноро зудтар холӣ кунед. Мо 20 вагон моликият дорем, ки онҳоро дар зарфи 1 ё 2 ҳафта кӯчондан имкон надорад. Аз онҳо дархост кардем, ки ба мо вақт диҳанд», мегӯянд ҳунармандон.

Қаблан гуфта мешуд, ки бо сабаби тахриб ва сохтмони биноҳои баландошёна ду театр – театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва театри русии ба номи Маяковский аз маркази шаҳр ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», дар маҳаллаи 65-уми пойтахт кӯчонда мешаванд.

 Рўзи гузашта, дар пайи норозигиҳои ҳунармандон, ки бинои театрҳоро мероси фарҳангӣ мешуморанд, Ҳукумати шаҳри Душанбе рўйхати биноҳоеро расонаӣ кард, ки ба феҳрасти мероси фарҳангии пойтахт шомил мешаванд.

Миёни ин биноҳо ҳеч яке аз ин ду театр, ки боиси баҳси чанд ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шудааст, мавҷуд нестанд.

Ҳукумати шаҳр мегӯяд, нақшаи генералии Душанбе, ки ҳанӯз соли 1983 таҳия шуда буд, дар ҳамдасти бо Донишкадаи давлатии шаҳрсозии Русия “Гипрогор такмил дода, бар асоси ин нақша ҳамагӣ 15 бино ёдгории таърихӣ эътироф шудааст.

Аз ҷумла: Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, бинои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон,бинои Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ, бинои китобхонаи собиқи Фирдавсӣ (ҳоло Палатаи ҳисоб), Меҳмонхонаи "Пойтахт", Осорхонаи кишваршиносӣ, Бинои Филармонияи давлатӣ, бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон, бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Чойхонаи "Роҳат", бинои Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино, биноҳои бо каркаси чандир дар хиёбони Рудакӣ, Маҷмӯи манзилҳои зист дар рӯ ба рӯи боғи Рӯдакӣ,бинои бисёрқабата дар кунҷи майдони 800-солагии Маскав ва ҳамчунин бинои "Кохи Ваҳдат" ба ин рӯйхат ҷо дода шудаанд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?