Нашри “Овози тоҷик – минбари форсизабонони Қазоқистон”

Нахустин шумораи нашрияи “Овози тоҷик – минбари форсизабонони Қазоқистон” дар соли 2016 ба табъ расид.

Он бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва қазоқӣ ва хати порсӣ ба табъ мерасад. То ҳол се шумораи нашрия рӯзи чопро дидааст. Шумораи нахустини он дар соли равон 18-уми феврал дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон дар 12 саҳифа бо теъдоди 5 ҳазор нусха чоп шудааст. Нашрияи мазкур аз моҳи августи соли 2015 инҷониб фаъолият дорад.

Ин нахустин нашрия бо забони тоҷикӣ дар Қазоқистон мебошад, ки дар 25 соли истиқлоли ин кишвар рӯи чопро дид.

Дар шумораи навбатии “Овози тоҷик минбари форсизабонони Қазоқистон” ба ҷуз навиштаҳои тоҷикони муқими ин кишвар, навиштаҳои устодони журналистикаи тоҷик профессор Абдусаттор Нуралиев ва Қироншоҳ Шарифзода низ нашр шудааст, ки роҳандозии нашрияи мазкурро табрик гуфтаанд.  Инчунин, матлаби М.Имомов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва омӯзгорон А.Спектор ва Л.Чигрин дар бораи профессор Абдусаттор Нуралиев ба нашр расидааст.

Дар саҳифае дар ин нашрия омӯзиши хати порсӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, шеърҳое бо хати порсӣ ҷой дода шудааст. Дар бораи бархе аз бузургони адабиёти порсӣ аз ҷумла дар бораи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ мақолаҳо бо забони қазоқӣ нашр кардаанд. Мақолаи журналист Беҳрӯзи Забеҳулло дар бораи аллома Иқболи Лоҳурӣ низ матлабҳои хондании ин нашрия мебошад.

Сармуҳаррир ва муассиси ин нашрия аз Шакарбек Норматов, аз тоҷикони номдори Қазоқистон мебошад, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон низ кору фаъолият доштааст. Аз соли 2000-уми инҷониб раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Karmetindustriesholding” ва ҳаммуассиси чандин корхонаҳо аст. Аз соли 2010 инҷониб ташкилоти Диаспораи тоҷиконро низ раҳбарӣ мекунад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

муборак бошад

Шояд шумо суол ё назаре доред?