Нашри навори намозхонии Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои маносики ҳаҷҷи умра

Хадамоти матбуоти Президент навори иҷрои маносики ҳаҷҷи умра аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонашро нашр кардааст.

Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеопортали ютюб гузошта шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмонро зимни иҷрои маносики ҳаҷҷи умра ба ҷуз ҳайати расмии ҳукуматӣ  ҳамсар ва духтараш Фирӯза ва Озода ҳамроҳӣ мекунанд. Маросими иҷрои маносики ҳаҷҷи умра ва намозхонии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайаташ дар навори мазкур намоиш дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон 2-юми январ бо сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд.

 

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

хичобу намоз аз точикон набуд ку чи ко кардестан инхо кабаа хам ай точико не ин хама аз мусулмонхо.ба фикрам рекламаи нав барои tv хои точикистон тайор кардан
ахсан
Аллохи мехрубон хачи умраи ин хочиен ва бибихочиенро кабул бигардонад.омин омин омин
Бигзор дуои неки Чаноби Оли, ки дар хонаи Худованд дар хакки миллати азияткашидаамон барои некуахволии мардум намуданд мустачоб гардад
зиёрати хонаи Худо муборак бошад.Чаноби президент ,дар макони мукаддас оё дуо кардед,ки барк барои мардуми кишвар тезтар доими гардад?.Зеро мо кишлокихо,дар ин хунукихои зимистон хело дар азобем...

Шояд шумо суол ё назаре доред?