Нархи гази моеъ дар Душанбе боло рафт

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и Душанбе нархи як литери гази моеъ ҳудуди 40 дирам боло рафтааст.

Акнун, гази моеъ дар пойтахт бо нархи 3,70 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Масъулини НФС-ҳои шаҳри Душанбе дар суҳбат бо мизоҷон сабаби болоравии ин навъи сӯзишвориро дар кам будани воридоти он маънидод кардаанд.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кившар мегӯянд, ки умедворем бо ворид кардани гази моеъ аз Қазоқистон дар рӯзҳои наздик камбуди ин навъи сӯзишворӣ дар кившар бартараф хоҳад шуд.

Ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон тайи 10 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Қазоқистону Русия ҳудуди  235 ҳазору 658 тонна гази моеъ бо маблағи беш аз 145.6 млн. доллар ворид шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2013 аз кишварҳои Русияву Қазоқистон дар ҳамин 204 ҳазору 926 тонна гази моеъ ворид карда буд, ки нисбат ба соли ҷорӣ ҳудуди 35 ҳазор тонна камтар мебошад.
Тазаккур бояд дод,ки ба эътирофи умуми коршиносон, бозори гази моеъи Тоҷикистон зери нуфузи ду ширкат: "Фароз" ва "Газпромнефт-Тоҷикистон" қарор дорад, ки  дар заминаи иҷораи калонтарин анбори нигаҳдории маҳсулоти нафтии мутаалиқ ба гуруҳи моливу саноатии "Фароз" дар ноҳияи Нов ба "Газпромнефт-Тоҷикистон" (тибқи иттилоии ғайрирасмӣ маблағи иҷораи солона ҳудуди 3 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад) дар таъини сиёсати нархгузорӣ ҳарфи аввалро мезананд. 

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?