Нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ боло рафт

Тайи 10 рӯзи охир арзиши алюминий дар бозори ҷаҳонии филизоти Лондон боло  рафта, нархи як тоннаи он ба 2 ҳазору 99 доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар зарфи чанд ҳафтаи ахир ба тадриҷ нархи алюминий дар биржаи металлҳои рангаи Лондон (LME) аз  1950$ то 1833 доллари амрикоӣ пойин рафта буд.

Болоравии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон фоидовар аст. Зеро 70 дарсади моли содиротии Тоҷикистонро алюминий ташкил медиҳад ва манбаи муҳими даромади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар низ маҳз ин маҳсулот аст.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки дар сурати бемайлон поён рафтани арзиши алюминий дар бозори ҷаҳон даромади буҷаи кишвар коҳиш меёбад ва КВД "ТАЛКО" ро муфлисшавӣ интизор аст, зеро қимати истеҳсоли нархи як тонна алюминий дар Тоҷикистон на камтар аз 2100 доллари ИМА мебошад.

Соли гузашта КВД «ТАЛКО»  ба нархи беш аз 2200-долларӣ  мефурӯхт.

 Тоҷикистон дар миёни кишварҳои  истеҳсолкунандаи алюминий бо  нишондиҳандаи 400 ҳазор тонна дар як сол ҷойи 16-умро ишғол мекунад. Аммо баробари нахи пахта, ягона моли ба ҳаҷми калон содиротмекардаи кишвар, алюминий аст.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?