Намак ба системаи сироятпазирии инсон кӯмак мекунад

Олимон ба ин натиҷа расидаанд, ки барои муборизаи самаровар бо сироятпазирии ҳуҷайраҳои пӯсти бадани инсон намак лозим аст. Ин дар ҳолест, ки пештар зиёдии намак бар зарари организм дониста мешуд. 

Дар мақолае, ки ахиран Cell Metabolism чоп кард, гуруҳи муҳаққиқон аз Донишгоҳҳои Вандербилт ва Эрлангени шаҳри Нюрнберг мегӯянд намак барои системаи сироятпазирии инсон муфид аст. Вақте мо намаки бештар истеъмол мекунем, он дар ҳуҷайраҳои пайвасткунандаи пӯст захира мешавад. Ҷенс Титсе (Jens Titze) ва ҳамкоронаш мушоҳида кардаанд, ки дар бадани мушҳо намак ҳатто дар ҳоле ҳам, ки дар диетаи камнамакӣ нигоҳ дошта мешаванд, намак дар пӯсташон захира мешавад.

Аз сӯи дигар пӯст ин аввалин сипар барои бемориҳои сироятист, аз ин рӯ дар он ҳуҷайраҳои иммунӣ бештар ҷойгир шудаанд.  Пас ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё намак барои кори самараноки системаи сироятпазирии пӯст лозим нест?

Исбот шудааст, ки макрофагҳо дар бадани инсон ва ҳайвон микробҳои воридшударо ба зудӣ мехӯранд. Барои он ки ба дурустии тахмини худ бовар ҳосил кунанд, муҳаққиқон макрофагҳои мушонро дар муҳити серғизо бо омехтаҳои зиёди хлориди натрий ба манзури намак парвариш карданд. Дида шудааст, ки дар ин ҳолат макрофагҳо фаъолона молекулаҳое ҷудо карданд, ки патогенҳоро мекуштанд.

Баъдан олимон ба хотири идомаи таҷриба мушҳоро бо меъёрҳои сернамакиву камнамакӣ нигоҳ доштанд. Дар натиҷа хояндаҳо ба лейшманиоз сироят шуданд. Зарфи бист рӯзи оянда инфексия дар ҳарду гуруҳи мушҳои таҷрибашаванда баробар афзоиш кард. Вале баъдан яраҳо дар он мушоне, ки хӯроки сернамак истеъмол мекарданд, тадриҷан шифо ёфтанд.

Гузашта аз ин дар одамон тамаркузи намак   дар он қисматҳои пӯст мешавад, ки таҳдиди ҳамлаи бактериологӣ бештар аст. Пас маълум мешавад, ки ба системаи сироятпазирии мо намак фоидаи бештар дорад. Гумон меравад, ки замоне, ки антибиотикҳо барои муолиҷа набуданд, фаъол будани намак дар системаи сироятпазирӣ аз хеле бемориҳо инсонҳоро ҳифз мекард.

 Натиҷаҳои ба дастомада ба он нукта ишора мекунанд: набояд бар ин назар буд, ки ин ё он моддаи табиӣ барои организм зараровар аст. Ҳатто дар ҳоле ҳам, ки фоидаоварӣ ва заранокӣ боз ҳам аз меъёри истеъмол вобаста аст. 

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?