Нахустнамоиши филми “12 соли интизорӣ” дар Душанбе (ВИДЕО)

12-уми июл дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон нахустнамоиши филми ҳунарии “12 соли интизорӣ” баргузор мешавад.

Дилошуб Орифзода, продюсери филм дар суҳбат ба TojNews гуфт, “12 соли интизорӣ” давоми як сол дар шаҳри Хуҷанд наворбардорӣ ва таҳия шудааст.

Филми мазкур бахшида ба Соли оила наворбардорӣ шуда, асосан мушкилотҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, хушунат дар оила ва ҷудошавии бармаҳали оилаҳои ҷавонро фаро мегирад.

Продюсерри филм мегӯяд, онҳо пеш аз таҳияи филм бо 100 оилаҳои ҷудошуда суҳбат гузаронида, аз байни 100 қисса 3 қиссаро интихоб кардаанд. “Баъдан аз рӯи ин 3 қисса мо як филмнома омода кардем.”

Муаллифи сенарияи “12 соли интизорӣ” Бахтиёр Каримов буда, коргардони он Муҳиддини Музаффар мебошад.

Нақшҳои асосиро дар филми мазкур ҳунарманди сатҳи байналмилалӣ Муҳаммад Алӣ Маҳмадов, Таҳмина Раҷабова, Муҳаммадҷон Шодиев, Моҳпайкар Ёрова, Насриддин Асадуллоев, Хуршед Мустафоев, Ваҳҳоб Дӯстов ва Дилбар Сулаймонова офаридаанд.

Филми мазкур аввалин филми пурраҳаҷми Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки “Суғдсинамо” “12 соли интизорӣ”-ро дар ҳамкорӣ бо телевизионҳои “Синамо” ва “Танин” сабт намудааст.

Оғози намоиш: соати 18:00.

Хоҳишмандон метавонанд чиптаҳоро аз хазинаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон дастрас намоянд.

Гуруҳи эҷодии филми мазкур қаблан филмҳои ҳунарии “Ормонҳо” (2010), “Паймон” (2014), “Коса” (2015) ва филми ҳуҷҷатии “Духтари Сайҳун” (2015)-ро пешкаши тамошобинон кардааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?