Нахустин инфиҷори iPhone 6 Plus дар Ҳонконг

Як сокини Ҳонконг дар бораи аввалин таркиши iPhone  дар қаламрави Чин ҳангоми гирифтани нерӯи барқ хабар дод. Бино ба хабари пойгоҳи интернетии ejinsight.com ин ҳодиса субҳи бармаҳал рух додааст ва касе аз он ҷабр надидааст. 

Соҳиби телефон нақл кардааст, ки чӣ гуна шабона iPhone 6 Plus 128 GB худро барои неру гирифтан гузошта буд ва субҳ соати 8 аз садои таркиш бедор шудааст. Чашмонашро кушода дидааст, ки смартфон месӯзад ва дудаш ба фазои хона мепечад. 

Ин зан дар аризаи худ ба Apple навиштааст, ки барои сматртфонаш танҳо аксессуарҳои тавлиди хориҷиро истифода мекард. Соҳиби смартфон аз ин таркиш ва сӯхтор ҷабр надидааст, бинобар ин аз ширкати Apple  танҳо талаби ҷуброни арзиши iPhone дорад.

 Як корманди донишгоҳи политехникии Ҳонконг сабаби ин таркишро иттисоли кутоҳ дар шабака ва ё нокоршоямии аккумлятори дастгоҳ номидааст. Дар ҳолати аввал Apple гунаҳгор нест. Вале дар ҳолати дуввум агар аккумлятор аз 100 дарсад пур шудани нерӯ хабар доданро “фаромӯш” карда бошад, гуноҳ ба гардани ширкат хоҳад буд.

Аммо дар ҳар сурат бо назардошти рӯйдодҳои мушобеҳ ба ин Apple ҳатман ба соҳиби смартфон арзиши онро ҷуброн хоҳад кард. 

Гуфта мешавад, ки ҳарчанд хеле кам, вале ин гуна ҳодисаҳо дар маҳсулоти ширкати Apple  иттифоқ меуфтанд. Моҳи августи соли 2014 низ ин гуна ҳодиса рух дода буд. Он замон лозим омада буд, ки бар асари таркиш дар сумкаи як мусофир кулли мусофирони як ҳавопаймо поин оварда шуда буданд.

Моҳи феврали ҳамон сол ҳам iPhone 5 S  дар ҷайби соҳиби 13-солааш оташ гирифта буд.   

Copyright @2015 TojNews  

Шояд шумо суол ё назаре доред?