Нахустин хатсайри ҳавоӣ бо хидматрасониҳо тибқи дастуроти шариати исломӣ

Ширкати малайзиёии ҳавопаймоии Rayani Air аввалин парвози худро пуррта тибқи қонунҳои шариати исломӣ анҷом дод.

Ҳавопаймоии аввалини шариатӣ аз Куала-Лумпур ба ҳаво хест ва дар ҷазираи Лангкави ба замин нишаст, хабар додааст The Daily Mail.

Гуфта мешавад, ки пеш аз парвоз ояти Қуръон барои мусофирон тиловат шуд. Ҳамаи сарнишинони он мусалмонон буданд ва меҳмондори ҳавопаймо бонуи ҳиҷобпӯш бо лабони пуртабассум ба онҳо хизмат мерасонд.

Таоми парвоз аз маҳсулоте омода шуда буд, ки шариат ҳалол медонад, табиист, ки нӯшокии спиртӣ дода нашуд ва истеъмоли он низ қатъан манъ буд.  Аз сӯйи дигар мусофирони он низ мебоист тибқи дастуроти шариат либос мепӯшиданд. 

The Daily Mail бо интишори ин хабар гуфтааст, ки қарор аст соли 2016 ин гуна парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии  Firnas Airways, ки маркази он дар Британияи Кабир мебошад, анҷом ёбанд.

Аз ин пештар ҷонишини раҳбари “Ростуризм”-и Русия Сергей Корнеев гуфта буд, ки кишвараш омодаӣ дорад, ки ба сайёҳон аз мамолики исломии Холиҷи Форс барномаи пазиришии ҳалолро роҳандозӣ кунад. Ин барномае хоҳад буд, ки на танҳо таомҳои ҳалол, балки умуман ҳамаи хизматрасониҳо, пазироӣ, меҳмондориро дар бар гирад. Ҳатто феҳристи таомҳоро дар тарабхонаҳо ба алифбо ва забони арабӣ нависанд. 

Ҳамчунин ширкати сайёҳии туркии Fusion Tour низ моҳи сентябри соли ҷорӣ муштариёнашро ба сафари дарёие даъват карда буд, ки хизматрасониҳо тибқи фармудаҳои шариат роҳандозӣ мешуданд.

Киштии ин ширкат дар обҳои  баҳри Эгей шино мекард. Барои сайёҳони киштӣ истеъмоли машрубот ва таомҳо аз гӯшти хук мамнуъ шуд. Барои занону мардон толорҳои варзишӣ ва ҳаммоҳои алоҳида омода карда шуда буданд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Бехтарин ...

Шояд шумо суол ё назаре доред?