Нахустин ғалабаи футболбозони тоҷик дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин сабқаташ дар бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи Бангладешро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард.

Бозии мазкур шоми 2-юми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури зиёда аз 8 ҳазор мухлисон баргузор гардид.

Ду голи нахустинро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 19 ва 30-юм ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Голҳои дигарро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 33-юм ва ду голи боқимондаро Давронҷон Эргашев ва Умедҷон Шарифов дар дақиқаҳои 49-ум ва 72-юм ба дарвозаи Бангладеш заданд.

Рӯзи 7-уми июн бошад мунтахаби Тоҷикистон дар Дакка бо мунтахаби Бангладеш вомехӯрад.

Ҳанно Хаттоби 27-сола довари ФИФА сардовари ин бозӣ буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?