Нахустин фестивали ҳунармандони Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бори нахуст Фестивали фарҳангии Ҳиндустон доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг, ин нукта дар мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Сомнатх Гош, сафари Ҳиндустон дар Тоҷикистон садо дод.

Ба гуфтаи Сомнатх Гош, ҷониби Ҳиндустон тасмим гирифтааст ба муносибати 70-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон, 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 25-солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон Фестивали фарҳангии Ҳиндустонро дар Тоҷикистон баргузор созад. Ў аз вазири фарҳанги Тоҷикистон хоҳиш кард, ки дар ташкили фестивали мазкур мусоидат намояд.

Шамсиддин Орумбекзода гуфт, фарҳанг ва маданияти Ҳинд байни мардуми тоҷик маҳбубияти беназир дорад. Ў гуфт, ки ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар шаҳру манотиқ низ боиси боз ҳам ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ хоҳад гашт. Инчунин ташкили барномаҳои консертии муштарак бо иштироки сарояндагони муосир, намоишҳои театрӣ аз ҷониби ҳаводорони санъат хуш пазируфта хоҳанд шуд.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?