Нахустҷаласаи мушовараи якҷояи ВКД-ҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд нахустин ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, дар ин мушовара гуруҳи кории Тоҷикистон таҳти роҳбарии Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилӣ ва ҷониби Қирғизистон бо роҳбарии Мелис Турганбаев, вазири корҳои дохилии ин кишвар иштирок хоҳанд кард.

Нахустҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 14 то 16-уми апрел гузаронида мешавад.

-Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар мубориза бар зидди экстремизм-терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия дар назар аст,-мегӯяд манбаъ.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?