Нафт дар бозори ҷаҳонӣ арзон мешавад, бензин дар Тоҷикистон не. Чаро?

Сарфи назар аз он, ки нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ бештар аз 3 баробар поин рафтааст, аммо ба нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла ба бензин дар Тоҷикистон таъсир накард.

Дар шарҳи ин масъала Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, раванди тағирёбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба раванди нархи бензин тезтар сурат мегирад ва барои ҳамин нархи бензин дар кишвар коҳиш наёфт.

Бино ба маълумоти Қодирзода, нархи 1 тонна бензини навъи АИ 92 дар корхонаҳои коркарди Русия ба 41 ҳазор рубл баробар буд ва моҳи декабр он то 33 ҳазор рубл арзон шуд.

Ба ҳисоби Хадамоти зиддиинҳисорӣ 1 литр бензин то нуқтаҳои фурӯши сузишвории Душанбе бо нархи 5,35 сомонӣ мерасад ва ширкатҳо ҳақ доранд то 25 фоиз дар болои он фоида гузоранд.

Соли гузшта ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” ба Ҳукумати Тоҷикистон шикоят бурдааст, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархгузориро дар ин ширкат маҳдуд кардааст. Дар натиҷаи тафтиши Хадамот минбаъд “Газпромнефт-Тоҷикистон” ҳақ надорад, ки нархи 1 литр бензинро 5.60 сомонӣ зиёдтар фурӯшад.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар дасти ширкатҳои русӣ қарор доштани бозори нафти Тоҷикистон монеъ ба арзон шудани бензин шудааст. Аммо Саидалӣ Зарифзода, сардори Раёсати танзими монополияҳои табиӣ мегӯяд, “ширкатҳои русӣ умуман ба нархи нефт дар Тоҷикистон таъсир надоранд ва ҳамаи ширкатҳои воридкунандаи нефт ширкатҳои ватанӣ мебошанд, аз ҷумла "Газпромнефт-Тоҷикистон”.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” аз воридкунандаҳои аслии маводи нафт ба кишвар мебошад, ки 46.8%-и маҳсулоти воридотӣ ба ин ширкат рост меояд. Баъдан, ширкатҳои “Тоҷик-Петролиум” 10 % ва “Умед 88” бо 7.7% аз ширкатҳои аслии воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ ба ҳисоб мераванд.

Бино ба ҳисоботи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли 2015 ба кишвар 531 ҳазору 273,9 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 215 ҳазору 105,9 тонна бензин (37,9%), 211 ҳазору 903,0 тонна сӯзишвории дизелӣ (37,2%), 54 ҳазору 414,8 тонна сӯзишвории реактивӣ (12,7%), 14 ҳазору 130,5 тонна равғанҳои молиданӣ (4,4%) ва 14 ҳазору 128,8 тонна мазут (3,4%) ва дигар маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

86,4% аз ҳаҷми умумии сӯзишворие, ки ба Тоҷикистон ворид шудааст, аз корхонаҳои коркарди нафт дар Русия ворид кардаанд. Боқимонда аз Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон мебошад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

чхел 5,35 дирам э мардак чи гуфтести хдт фахмидести????? любой хел хисобш кн 4 сом зиед намеша!!!!
Ин як афсона аст! Дар таркиби нархи бензин то 70 % ро нафт ташкил медихад. Бо скидкаи рохи охан, ки Узбакистон дод, нархи бензин дар хучанд на зиёдтар аз 3,5 сомони ва пойтахт 4 бояд бошад
Зачем врать? Узбекистан не предоставил скидку в направлении ст Спитамен и ходжент нанефтепродукты Нет скидок И курс конвертации 8,75 Брат Зачем неправду пишешь Сначала проверь Потом пиши Как посчитаешь 3,5 то хотя бы нам покажи Либо с математикой хреново у тебя Либо ты провокатор Если не так то покажи брат как ты посчитал литр бензина за 3,5 сомони за литр Приз 1000 литров Если совесть есть у тебя то хотябы извинись и скажи что я был не прав ИЛИ СКАЖИ Я ПРОСТО НЕНАВИЖУ ГАЗПРОМ ЭТО БУДЕТ ЧЕСТНО
Хозир фикри мардума хеч кас намекунад. Кай сер мешуда бошан и пурхурхохохохохо
барои он ки нафси бади сохибкорони бензинфуруш пеши рох аст 2-3 баробар фурухта тез бой шудан орзуи хамашон аст - на бизнеси бовичдонона
ХОЛО ДАР КИРГИЗИСТОН БЕНЗИН АЗ 3с ТО 3с80дирам АСТ!!!...БАЛАНДТАРИН НАРХИ БЕНЗИН,БАЛАНДТАРИН АНДОЗУ АКСИЗХОВУ РАСТАМОЖКАВУ ДИГАРУ ДИГАРХО ДОРЕМ.ХАТТО БИЛЕТИ САМАЛЁТИ КИРГИЗ НАЗДИКИ ДУ МАРОТИБА АРЗОН АСТ!!!...ДАР МО БОШАНД КОНУНИ НЕСТАНДАРЧАХОН...КАБУЛ КАРДА МЕГАРДАНД!!!!
як нафаре нест ки дар точикистон аз руи конун кор кунад, гами халка хурад е инсофи мусулмони дошта бошад... хатто агар 3 бор хочи шуда бошад...

Шояд шумо суол ё назаре доред?