Муттаҳам шудани корманди ошхона дар қатли ҳамкораш

Дар ноҳияи Шаҳритӯс як корманди ошхона ҳамкорашро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  гумонбаршаванда 7-уми октябр тахминан соати 22:40-дақиқа, дар ҳавлии ошхона, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 42-солаи ҳамдеҳа ва ҳамкори худ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синааш задааст.

Манбаъ илова мекунад, ки марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мақтул ва гумонбаршаванда ҳарду сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аммо дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият мекардаанд.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?