Мусодираи силоҳ ва маводи мухаддир дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва атрофи он 17 кило маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҳудуди пойтахт ва ноҳияи Ваҳдат бар асари роҳандозии амалиётҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ бештар аз 17 кило маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон кашф ва мусодира намуданд. 

Мақомот мегӯянд, ки рӯзи 21-уми март, ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии марди 30-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе зиндагонӣ мекардааст, 1 килою 500 грамм героин ва аз дӯконаш 1 килою 518 грам афюн, як туфангчаи тамғаи Берета бо тирдон ва 7 тир мусодира карданд.

Гуфта мешавад, ки ин мард қаблан бо моддаи 200, қисми 3 Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон (ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир) суд шуда будааст. 

Як рӯз баъд ин, дар пинҳонгоҳи дигаре дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ошкор карданд ва аз он 4 килою 010 грамм ҳашиш пайдо намуданд.  

Дар идомаи шиносӣ ва боздошти шарикони дигари боздоштшуда як марди 65-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки ӯ низ қаблан бо моддаи ёдшуда барои ширкаташ дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст, бо 9 килою 300 грамм афюн ва 940 грамм героин боздошт гардид. 

Манбаъ мегӯяд, зарфи ду рӯз ин ду нафар 17 килою 268 грам навъҳои гуногуни маводи мухаддир мусодира шуд.

Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?