Мусодираи наздик ба 6 кило симоб дар шаҳри Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар ба ҷурми муомилоти ғайриқонунии моддаҳои кимиёвӣ хабар дод.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии вазорат ду шаҳрванди Тоҷикистон, яке сокини 63-солаи шаҳри Ваҳдат ва дигар бошандаи 46-солаи шаҳри Душанбе барои нигаҳдории ғайриқонунии симоб боздошт шудаанд.

Ҳангоми тафтиш аз аввалӣ 4 килову 910 грамм ва аз дуюмӣ 1 килову 12 грам симоб кашф ва мусодира намудаанд.

Вазни умумии 5 килову 922 грамро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд ҳоло тибқи моддаи 193 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (нигаҳдории ғайриқонунии моддаҳои радиоактивӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?