Мурофиаи судии аъзои Шӯрои сиёсии наҳзат пӯшти дарҳои баста шуруъ мешавад

Имрӯз, 9-уми феврал мурофиаи судии 13 тан аз масъулони ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ дар Суди олии Тоҷикистон шурӯъ мешавад.

8-уми феврал дар нишасти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд, ки таҳқиқи 199 парвандаи ҷиноятии марбут ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 ба анҷом расида, ҳамагӣ ба Суди Олӣ ирсол шудааст. Аз 199 нафаре, ки алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, 172 нафар ғайриҳизбӣ боқӣ аъзоёни ҲНИТ мебошанд, ки имрӯз мурофиаи судиашон пӯшти дарҳои баста шуруъ мешавад.

Дар пайи ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта 13 тан аз аъзоёни Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо шумули муовинони раиси ин ҳизб боздошт шуданд. Дар охири ҳамон моҳ Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнуъ ва онро ба феҳрести ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ворид кард.

Дар мурофиаи мазкур иттиҳомот алайҳи муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, инчунин аъзоёни Раёсати ҳизб Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов баррасӣ мешавад.

Вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки ҳимояи ҳуқуқҳои боздоштшудаҳои ҳизби мамнуъи наҳзатро ба зима гирифт, 4 моҳ пеш аз ҷониби мақомот боздошт шуд. Дар расонаҳои наздик ба ҳизби мамнуъшудаи наҳзат хабар додаанд, ки Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҳуқуқҳои Муҳаммадалии Ҳайит ҳимоят мекард, аз адвокатии ин фаъоли ҲНИТ дур кардаанд.

Мурофиаи роҳбарони ҳизби мамнуъи наҳзат дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" аз Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ хостааст то аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намоянд, ки муҳокимаи аъзоёни ҲНИТ мунсифона ва дар мурофиаи боз баргузор шавад.

Ин созмон аз раванди тафтиши парвандаҳои масъулини ҳизби мамнуъи наҳзати ислом нигаронӣ карда гуфтааст, пушти дарҳои баста баргузор шудани суд маънои онро дорад, ки мақомот мехоҳанд камбуди далелҳои кофиро аз ҷомеа пинҳон кунанд.

Масъулони баладпояи ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ 16 ва 17-уми моҳи сентябри соли гузашта баъди анҷоми амалиёт алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуда буданд.  Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ-ро ба ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон 17-уми сентябр бо пахши як изҳорот гуфта буд, ки “Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст”.

16-уми сентябр 13 тан аз аъзои Шӯрои сиёсии наҳзатро мақомот боздошт карда буданд.

Мақомот роҳбарони ҲНИТ-ро бо чандин моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам медонанд. Алайҳи Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб бо 14 модда ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини дигар ҳизб бо 13 моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз карданд.  Азҷумла ин нафарон дар “исёни мусаллаҳон” (моддаи 313), Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (306), ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ (187), ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (203/3) ва ғайра гумонбар дониста мешаванд.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

АГАР ПАВАНДАХО СОХТАВУ БОФТА НАМЕБУД ЧАРО ПУШТИ ДАРХОИ БАСТА СУД БАРГУЗОР МЕШУД?
Э воҳима накун чизера намедонӣ и сайумар камушда шашта хона дар Душанбе дора якиа Египетда яктаи дигар Дубайда ва чанта зан дора ин ! мардума ҷанг андохтану хушон баъди ҷанг мардума овора карда ба ҳар тараф гурезондану одих карда кайфу сафо карда гаштан. Уна киноҳошон бромаку надиден Гадоев чихел мостик монда гаштай! У дар фикри мардумай неее ҳамаш понтай проста мардуми бесавода ҷанг андохану хушон одих карда гаштан! Анаку бо ташабуси Ҷаноби Олӣ Э. Раҳмон сарвари миллат якта ба якта боздошт шида ба сазои инҳама хиёнатошон мерасан. Мо содиқона аз Ҷаноби Олӣ хоҳонем, ки ҳаминхел одамои монанди сайдумар ва гадоева ва дигароша ки ба ҳама ма\луман до капейкишона мусодира карда ба ҳабси доимӣ кашонда шаванд. Ҳоло дар кадом кишваре набошанд дасгир шуда оварда ҷазо дода шаванд. инҳо хоини миллатан бовар кунен бародарони азиз хела мардума фиреб додан ба ҷони ҳамшон андохтану худошон чанд зани гирифта чарида гаштан беҳтарин хонаву дару мошинҳои хориҷа таги пошонда! Аз ҳамаи дастгоҳҳои пракратурӣ ва генералӣ ва мақомоти дахлнок хоҳиш мешавад сайдумар ва сайдиброҳима ки главарой мафиёзники як зарра нагузаран ва ба бадтарин сазо ва ҷазо кашида шаванд. Ҳоло гадоев грехтагӣ ҳатман кофта оварда ҷазо диҳедашон чун дили бештари мардумро ранҷонда ва ҳаққашонро инҳо хӯрдагиян Худо нобудшон кунад оммин ё Рабббалоламин!
Главари ин ҳизб нурӣ худаш як ваҳҳобӣ буд баъд салафӣ шид ва баъд ҳоло номаълум чи шудабуд як одами мутакаббири шикамчаронӣ бе ихлос буд! Ҳамаи корҳош барои худнамоӣ буд ки ба ҳеҷҷо нарасид ҷуз бадномкардани ҳизбу ҳаракат. Баччаҳошам як шикамчаронӣ бесавди дунёпарастан ки аз худуш ҳич фарқе надоран! Як умр аз ҳаққи ятимону мазлумон хӯрда гаштагиян ин шоаллоҳ насибшон намекунаду ва Ҷаноби Олӣ ин оилара ҳамаш дастгир карда ба сахтарин ҷазоҳо кашонад чун ҳаққи мардуми камбизоата резонаву чошонда хӯрдан! Номардтарини одамҳо дар руи ҷаҳонан!
Чаро мурофиа пушти дархои баста. Чаро чаро барои чи нафахмидам.
Чун ки ино пастарин корхора каран гаштан холо бояд мурофиаи ино пушти дари баста боша то буи бадеки броварагиян хамачора пур накуна! Фикр ку худут баратан ки як здании калони десткий мира нури баъди чанг аз тарафи давлат барои кормандону камбизоатони тарафдорони хизбшон додагиш бдиян ин хамаша кати хурда гаштай нав буи бадшон бромесай! ин як коршай корои зиёд кардаги ки мардум намедонан агане то абад акоратуш мекунан! Пас бехтарай ин сагхои шикори пушти дарой баста мурофиа бшаван! Макомоти дахлнок сахт бгиреншон иёра ки хунхурой миллатан ино!!!!!
Як камтарак диккат карда бошед чехрахои инхо ба ки монанди дорад дар чахон як мазхаб хаст ба хамонхо монанди доранд! Хай ки медонад инхо барои пул шуда худашона мефурушан чи расад дину мазхабашон!
илтимос ин афсонахоятонро дигар нагуед.хамту гуед ки мо хушомадгуи ин давлат хастем.навад фоизи мардум аз кашшоки мурад хам мо болоро дастгири хохем кард....ору номус дар мо харом...
Э бародар неизвестний аввал номата навис баъд тухмат зан! Инхо сафсата ва асфона нест! Ту ба назарат хеловакт дур аз ватани ва гурехта паси кадом пардаба гашта сухан мекуни! Марди биё кани ин суханоната дай ватанат гапзан! Ту саводнокият хеле кам рав камтарак хон. Мо аз касе хокзани намекунем сухани ростро мегуем! Мардуми хамаи чахон мушкил доранд имруза на танхо мо! Ин хоинхо хуни миллатро хурданд ва холо навбаташон шудаст ки паси миллахи зиндон раванд! Магар ин сафтасата аст инкадар мардуми бегунох аз руи аблахии инхо кушта шуд инхама чангхои худбахуди точиконро ана хаминхо пешрави карданд! Оё ин сафсата аст???! Ту рав камтар хон!
марди биё дар ватан гап зан-МАН МАРДАМ ЛЕКИН ДАВЛАТАТ НОМАРД АСТ!!!ВАКТЕ КАМТАРИН ХАКИКАТРО ГУИ ТУРО ХАМОНО ДУШМАНИ МИЛАТУ ТЕРОРРИСТ ЭЛОН МЕКУНАД!!ВАКТЕ АДВОКАТИ ГУМОНБАРРО ХАМ ХАБС МЕКУНАНД.АЗ КАДОМ МАРДИИ ИН ХУКУМАТ ГАП МЕЗАНИ!!!ту рав камтар хон-ЧИРО ХОНАМ ВАКТЕ БО ЧАШМИ ХУД ХАМАРО ДИДААМ!!!?ФАСОД,НОАДОЛАТИ,БЕРАХМИ!!!ТУ НАХОН ЯК БА ДЕХАХО РАВ ХАЁТИ МАРДУМРО ТУ БИН!!!мардуми чахон хама мушкили доранд-ЛЕКИН ЯГОН МАМЛАКАТИ ХАШТМИЛЛИОНА ЯКУНИММИЛЛИОН МУХОЧИР НАДОРАД!!!!..
Братан ҳақиқат талх аст ва гуфтанашҳам сахт! Хайр сухани ҳақ мегӯи ва пушти миллаҳои зиндон мешинӣ ҳамин ҳаст дунё! Ту мегғи мегиран инхелат мекунан онхелат мекунад ҳукумат хоп ҳам аст дунё сахтӣ дорад бо кайфу сафо дар хориҷ аз ватан кор пеш намеравад биё мон баҳонатароширо ҷуруки гапзадан надорен шумо ва ҳузӯр дар маъракаи сахтиҳо шумо бо шунидани сахтӣ ва зиндон чандинҳазор километр гурехата рафта гаштаи! Лизо хап карда гардед монед давлат кори худашро пеш барад ҳамин тинҷию амонӣ магар зарар кардаст шуморо!

Шояд шумо суол ё назаре доред?