Муовини нахуствазири Ӯзбакистон ба Душанбе меояд

Дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе Ӯзбакистонро муовини нахуствазири ин кишвар намояндагӣ мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон эълон кардааст, ки ҳайати ин кишварро дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Тоҷикистон Адҳам Икромов, муовини сарвазир раҳбарӣ хоҳад кард. Қаблан, Русия, Арманистон ва дигар кишварҳо эълон карда буданд, ки дар ин ҳамоиш сарвазирони кишварҳояшон ширкат мекунанд.

Дар ҷаласаи мазкур бештар рӯи масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ тамаркуз хоҳанд кард. Ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ 30-юми октябр дар Душанбе баргузор мешавад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?