Мунтахаби Тоҷикистон мунтахаби Бангладешро ба ҳисоби 1:0 мағлуб кард

Дуюмин бозии плей-оффи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш боз ҳам бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ин мусобиқа рӯзи 7-уми июн дар Дакка-пойтахти Бангладеш баргузор шуд ва футболбозони Тоҷикистон ҳарифони худро ба ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Аввалин бозии плей-оффи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш рӯзи 2-уми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд ва мунтахаби Тоҷикистон ба ҳисоби 5:0 бар тими Бангладеш ғолиб омада буд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, бозӣ дар варзишгоҳи миллии Бангабандуи Дака зери борони хеле шадид баргузор шудааст ва ин кори футболбозони тоҷикро дар кишвари бегона ба мушкил рӯ ба рӯ сохтааст. Дар ин бозӣ сармураббии тими Тоҷикистон дар қиёс ба бозии аввал чор тағйирот дар ҳайати дастаҳо ворид кардааст.

Ба ҷойи Алишер Додов, Давронҷон Эргашев, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳра Ҷалилов Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Табрезӣ Давлатмир ва Аҳтам Ҳамроқулов бозӣ кардаанд.

Тӯпи ягонаро ба дарвозаи соҳибони майдон Аҳтам Назаров задааст. Ҳамин тариқ мунтахаби хуқуқи дар марҳилаи гурӯҳӣ-интихобии Ҷоми Осиё-2019 иштирок намуданро соҳиб шуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?