Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тимҳои Таиланд ва Ветнам рақобат мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар қуръапартоии қисми  ниҳоии  Ҷоми  Осиё—2016 дар гурӯҳи С қарор гирифт.

Дар ҳайати ин гурӯҳ дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Таиланд, Ветнам ва Тайбэи Чин рақобат мекунад.

Мусобиқоти  Осиё - 2016 оид ба  футзал аз  10  то  21-уми  феврал  дар пойтахти  Узбакистон баргузор  мегардад. Дар ин мусобиқа 16 даста дар ҳайати 4 гурӯҳ бо ҳам сабқат хоҳанд кард.

Қаблан футзалчиёни тоҷик дар даврҳои  ниҳоии  мусобиқаҳои  қитъавӣ ҳашт  маротиба рақобат карда буданд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?