Ҳисор: Муноқиша барои тақсими ҷиҳоз боис ба марги Алимардонови 70-сол шуд

Баҳси тақсими амвол миёни ду қудо дар Ҳисор боис ба муноқиша ва марги Абдусамад Алимардонови 70-сола шудааст.

Ҳидоятулло Холов, яке аз наздикони мӯйсафеди ҳалокшуда ба TojNews гуфт, ҳодиса баъди нисфирӯзии 31-уми январ бар сари тақсими молу мулки арӯс сар задааст.

Ин сокини Ҳисор мегӯяд: “31-уми январ тахминан соатҳои 15:00 аз тарафи хонаводаи арӯс 15-20 нафар, ки дар байнашон ҳатто кормандони Ҳукумати ноҳияи Ҳисор низ буданд, омада наздикони домодро латукӯб карданд. Пеш аз омадани онҳо имомхатиб ва раиси ҷамоат дар хонаи домод буданд ва касе ба сари тақсими мерос муноқиша надошт. Аммо инҳо аз кӯҷое пайдо шуда, хонаводаи домодро латукӯб карданд.”

Абдусамад Алимардонов, мӯйсафеди 70-сола ба гуфтаи наздиконаш аз зарби муштҳои Ҷурақул Низомов беҳуш шуда, соати 24-и шаб дар беморхона ба ҳалокат расидаст. 5 нафари дигар бо шумули писари мақтул ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

- Дар танаи мӯйсафед ягон осеб набуд танҳо ба сараш зиёд зарба задаанд ва хун дар майнааш ҷамъ шудааст. Ташхиси пешакӣ низ муайян кардааст, ки мӯйсафед аз ҳисоби зарбҳои зиёд ба ноҳияи сараш ҳалок шудааст, - мегӯяд Холов.

Аммо наздикони мақтули 70-сола мегӯянд, то ҳол кормандони ШКД-и ноҳияи Ҳисор дар ин бора парвандаи ҷиноятӣ боз накардаанд, зеро дар мақомот то ҳол бовар надоранд, ки мӯйсафед аз зарбу лат ба ҳалокат расидааст. Ба иддаои кормнадони ШКД-и ноҳияи Ҳисор баъди 15 рӯз агар натиҷаҳои ташхис ҳалокати мӯйсафед аз зарби лату кӯбро тасдиқ кунад дар он ҳол парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад.

Дар ШКД шаҳри Ҳисор дар ин бора суҳбат кардан нахостанд. Майор Абдулло Ибодов, навбатдори ШКД бо баҳонаи он, ки бидуни мактуби расмӣ ва иҷозаи хаттии ВКД суҳбат нахоҳанд кард, аз додани маълумот худдорӣ кард.

Инчунин, наздикони оилаи Низомов низ ҳозир нашуданд, ки дар бораи қазия суҳбат карданд. Ҳамроқул Низомов, бародари Ҷӯрақул Низомов, ки пайвандони Алимардонов дар латтукӯби муйсафед муттаҳам медонанд, дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, “мӯйсафеди 70-сола аз зарби лату куби хонаводаи онҳо ба ҳалокат нарасидааст”. Ҳамроқул Низомов бо баҳонаи он, ки корманди Кумитаи андоз мебошад, нахост суҳбат кунад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?