Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Чин

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии Ваколатдори махсус оид ба масъалаҳои амният ва мубориза бо терроризми ин кишвар ҷаноби Чэн Гопин вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили густариш додани ҳамкориҳоро дар самтҳои таъмини амният, пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот, табодули таҷрибаи корӣ ва дигар самтҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Зикр гардид, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои наздисарҳадӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой санадҳои меъёрии ҳуқуқии байниидоравиро ба имзо расонидааст, ки мавриди амал қарор доранд.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?