Мулоқоти муовинони вазирони хориҷии ОМ дар Ишқобод

28-уми ноябр дар шаҳри Ишқобод 5-умин вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои департаменти иттилоотии ВКХ Тоҷикистон, ин нишаст аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (ММДБОМ) ва бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ намояндагӣ кард.

Ба сифати меҳмонони махсус дар вохӯрӣ Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон Николас Хейсом, Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Енс Тойберг-Франзен, инчунин Роҳбари минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ Сародж Кумар Ча ширкат кардаанд.

Аз ВКХ гуфтаанд, ки ширкаткунандагони вохӯрӣ оид ба роҳҳои таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ, инчунин дурнамои рушди вазъият дар минтақа дар пасманзари хуруҷи Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Дар чаҳорчӯби вохӯрии мазкур Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Афғонистон Николас Хейсом ва Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Енча мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуд, ки зимни онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо чолишҳои мавҷуда ва хатарҳои имконпазир ба амният ва суботи минтақа мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?