Мулло Абдураҳим: Агар раиси ҲНИТ мебудам... (баррасии матбуот)

Маъракаи интихоботии парламент, ҳамла ба дафтари нашрия “Шарлӣ Эбдо” дар Порис ва 9 сол ба зиндон маҳкум шудани Шуҳрат Қудратов аз мавзӯҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе буд.

Дар нашрияи  “Миллат” (№2 (488), аз 14.01.2015) журналисти тоҷик Темур Варқӣ зимни интишори гузориши муфассал аз ҷараёни тазоҳуроти зиддитеррор дар Порис қиёси ҷолибе мекунад. Вай менависад: “Ин ҳама як саҳани комилан мутафовит аз он чизе аст, ки ман дар натиҷаи ҳодисаҳои террористӣ ва даргириҳои байниқавмӣ дар Маскав шоҳид будам. Он ҷо дунболи ин ҳодисаҳо бозорҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, ғорат мешуд, скинхедҳо ва фанатҳои футбол ба хобгоҳҳо ва таҳхонаҳое, ки мусалмонони муҳоҷир қарор доштанд, ҳамла мебурданд. Телевизиони Фаронса дастҳои ба ҳам фишурдаро, сафҳои ягона ва қадамзании якмаромро ба намоиш мегузошт. Дар ҳоле, ки дар чунин маввридҳо дар телевизиони Русия боздошту таҳқири муҳоҷирон ва садҳо сари муҳоҷири зери мили Калашников рӯи хок хобидаро ба намоиш мегузорад. Ва ниҳоят ҳазорон муҳоҷири ихроҷшуда аз Русия”.

Акбаралии Саттор, Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар “Фараж” (№3 (424), аз 14.01. 2015) гуфтааст, ки аз номи Иттифоқ қаблан изҳороте пахш карда буданд. “Ва вақте бо муҳтавои маҷалла шинос шудем, андешаҳоямон каме тағйир ёфт ба эҳсосоти мазҳабӣ новобаста аз он ки кадом мазҳабе набошад, бозӣ кардан хатар дорад. Вале дар ҳамин ҳолат ҳам агар ҳамчун  инсон назар кунем, қатл бояд маҳкум гардад”.

“Озодагон” (№2 (358), аз 14.01.2015) дар ин бора навиштааст, ки “Агарчи мақомоти расмии Фаронса рабт доштани ин ҳодисаро ба ислом рад карданд, вале муаррифӣ шуданир ду омили ин террор, ки ба гузориши расонаҳо мусалмон будаанд, хашми мардуми Фаронсаро доман задааст”. Дар поёни мақола муаллифи хулосаи худро овардааст, ки акнун дар Аврупо низ чун замони пас аз рӯйдоди 11-уми сентябри соли 2001 руҳияи исломситезӣ боло хоҳад рафт.

Дар мақолаи дигари худ “Озодагон” (№2 (358), аз 14.01 2015) таҳқири Муҳаммад (с)-ро бартар аз амали террористӣ медонад. Ва ин фармудаи Абуалии Даққоқро мисол меорад: “Ҳаркӣ аз гуфтани сухани ҳақ дар мавриде, ки бояд бигӯяд, хомӯш меситад, шайтони гунг ва безабон аст”.

“Тоҷикистон”, “Фараж”, “Минбари халқ” ва чанд нашрияи дигар муроҷиатномаи Иттифоқи журналистони вилояти Суғдро дар ин бора интишор додаанд.

Интихобот

 “Фараж” дар рубрикаи “Баҳси рӯз” масъалаи парлумони занонаро дар миён гузаштааст ва мепурсад: Кӣ аз он метарсад? Муаллифи ин мақола бар ин назар аст, ки дар қиёс ба мардҳо аз ним бештари аҳолии кишварро занҳо ташкил медиҳанд. Аммо ба рағми ин шумори зиёди мардҳо нисбат ба занҳо дар самтҳои мухталифи сиёсӣ фаъолият доранд.

“Озодагон” дар мақолаи “Кӣ депутат мешавад?” аз аввалин даъвои судӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ навиштааст. “Комиссияи ҳавзавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент аз ворид сохтани рӯйхати  намояндагони ҲНИТ ба ҳайвати комиссияҳои участкавии интихоботӣ худдорӣ карданд... Аз рӯйи ин баҳс ҲНИТ дар Панҷакент ба Суди ноҳия муроҷиат кард”.

 “Ҷумҳурият” дар иртибот ба интихобот суҳбатеро бо Раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён интишор додааст. Шоҳиён иброз доштааст, ки “то кунун  ба КМИР 15 муроҷиат, аз ҷумла ҷиҳати ба комиссияҳои интихоботӣ ҳамроҳ намудани  намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ҷудо намудани бино барои баргузории конфронсҳо, пешбарии номзадҳо ва риоя нагардидани Оиннномаи ҳизб ҳангоми даъвати Анҷумани ҲКТ ворид шудааст. Ҳамаи ин арзу шикоятҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ саривақт аз ҷониби КМИР ҳаллу фасл гардида, ба муаллифон ҷавоб гардонида шудааст”.

“СССР” (№3 (332), аз 15 январи соли 2015) хабар додааст, ки то кунун 64 номзад ба вакилӣ аз имтиҳон гузаштааст. Аз сӯи дигар ба омори ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ, ки мегӯяд 31 ҳазор аъзо дорад, шубҳа кардааст. “Вакилонашро дидаем, аммо аъзояшро...”,-менависад нашрия.

Сарнавишти Шуҳрату даъвои Мулло Абдураҳими Кӯлобӣ

“Озодагон” дар мақолае бо номи “9 сол ҳукми зиндони Шуҳрат Қудратов қазияи эълони ҳукми догоҳро ба риштаи тасвир каршидааст. Нашрия мавзеъгирӣ накардааст, танҳо ҷараёни қироати ҳукм ва радди иттиҳомоти даъвоҳо аз ҷониби шоҳидонро дар мурофиаҳои гузашта тасвир кардааст.

Ва ниҳоят: Абдураҳим Каримов, мулаққаб ба мулло Абдураҳими Кӯлобӣ баъди хомӯшии чандмоҳа бори дигар дар саҳифаи матбуоти кишвар зоҳир шудааст. Ин бор дар як мусоҳибаи густарда ва давомдор дар “Тоҷикистон” сарчашмаи ҷангҳо дар Афғонистонро дар мавҷудияти ҳизбҳои зиёди исломӣ дидааст. Ҳамзамон гуфтааст: “То вақте Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил нашуд, ин ҷо ҷанг сар назад”.

Мулло Абдураҳим ба он ишора кардааст, ки худи ӯ аз ҷумлаи муассисони ин ҳизб дар Кӯлоб буд, аммо баъдтар ба иштибоҳаш пай бурдааст. Абдураҳим Каримов ҳамчунин гуфтааст, ки агар раиси ин ҳизб мешуд, аз раисӣ даст мекашид ва ҳизбро барҳам медод. “Агар Худованд маро ба ин муяссар мегардонид ва воқеъан мусалмон бошам, бояд ин корро кунам. Дар акси ҳол дар назди гузаштагону имрӯзиёни миллати тоҷик сархам ва дар таърих қарнҳои қарн ба бадномӣ боқӣ мемонадам”.

Copyright © 2014 TojNews

Назарҳо

Чаноби мулло Абдурахим офарин шумо сухани дили хукуматро гуфтед ба шумо зебанда аст!
ШУМО ЯК БОР РАИС ШУДА НИШОН ДОДЕД КИ ХАСТЕД.АКНУН РАИСИ КУМИТАИ ДУН ШАВЕД.........@@@@@@@

Шояд шумо суол ё назаре доред?