Муҳлати таъмиру тармими нақби “Истиқлол” тамдид шуд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муҳлати таъмиру тармим ва бозсозии нақби “Истиқлол” то охири моҳи октябр тамдид кардааст.

30-юми июл масъулини вазорат дар як нишасти хабарӣ гуфтанд, ки то ҳол 37%-и нақбро таъмир кардаанд ва ҳар рӯз то 150 метрро навсозӣ мекунанд. Вазорат қасд дорад, ки то охири моҳи октябр корҳои бозсозиро ба итмом расонад.

Корҳои таъмиру тармими нақб бидуни насби таҷҳизоти рушноидиҳанда мебошад. Вазорати нақлиёт мегӯяд, ки барои насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда агар бо Эрон ба мувоффиқа расанд, пас ба нақша хоҳанд гирифт.

Нақби “Истиқлол”-ро, ки соли 2006 бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон ба истифода дода буданд, дар ҳолати хароб қарор дошт. Аз 23-юми июни соли равон барои тармиму бозсозӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз соати 6:00 то 22:00 манъ карда шуд. Дар ин соатҳо ронандагон аз роҳи ағбаи Анзоб истифода хоҳанд кард. Он вақт мегуфтанд, ки корҳои таъмиру тармим то охири моҳи сентябр идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, ронандагон ба ширкати пулчинаки IRS дар нуқтаи толлингии Майхура, ҳамон маблағеро пардохт мекунанд, зимни сафар бо нақб пардохт мекарданд. Масъулини вазорат мегӯянд, нигоҳдории роҳи ағба ба зимаи IRS буда, кам кардани маблағро ба миён нагузоштаанд.

Нақби мазкурро ширкати “Собир”-и Эронӣ сохтааст. Соли 2003 барои идомаи сохтмони нақб миёни Тоҷикистону Эрон ба маблағи 120 миллион сомонӣ шартнома ба имзо расида буд. Аз ин ҳисоб 64 миллион сомонӣ ба тариқи қарз ва 30 миллион бурс аз ҷониби Эрон ва боқимонда маблағ ҳамчун ҳиссаи Тоҷикистон таъмин гашт. Баъди се сол эълон шуд, ки нақб омода шуд. Аммо то ҳол гузаштан аз ин нақб мушкил аст.

Copyright © 2015 TojNews 

Назарҳо

Беинсофон! Чабру зулм то ба кай? Рохро бепул кунед!

Шояд шумо суол ё назаре доред?