Муҳлати бақайдгирии довталабон ба Маркази тестӣ 15 рӯз тамдид шуд

Маркази миллии тестӣ муҳлати бақайдгирии асосии довталабон ба муассисаҳои олии кишварро 15 рӯзи дигар тамдид кард.

Дар Маркази миллии тестӣ ба TojNews гуфтанд, давраи асосии бақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 15-уми апрел муқаррар шуда буд, вале бо назардошти муроҷиатҳои шаҳрвандон ва зиёд будани навбат дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлат то 30-юми апрел тамдид гардид.

1-уми март бақайдгирии довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои кишвар дар Тоҷикистон шурӯъ шуда буд. Довталабон бояд то 30-юми апрел, ҳуҷҷатҳои асосӣ -- шиноснома, маълумотнома аз мактаб, аттестатро пешниҳод карда, 200 сомонӣ маблағи бақайдгириро супоранд. Соли равон Маркази миллии тестӣ қиммати хизматрасониаш барои довталабонро 30 сомонӣ гаронтар кард.

Барои бақайдгирии довталабон Маркази милли тестӣ, дар 26 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳия нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил мекунад.

Низоми марказонидаи дохилшавӣ, ки тариқи Маркази милли тестӣ амалӣ карда мешавад, соли 2014 аввалин гурӯҳи довталабонро ба муассисаҳои олии кишвар қабул карда буд.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?