Муҳиддини Музаффар аз рӯи асари Сорбон филм мебардорад

Созандагони филмҳои “Паймон” ва “12 соли интизорӣ” филми наверо аз рӯи асари Сорбон ба навор мегиранд.

Бино ба иттилои масъулини “Суғдсинамо”, филми нав бо номи “Армон” таҳи шуда, корҳои омодагӣ барои сабти он идома дорад.

Дар назар аст, ки моҳи сентябр сабти филм шуруъ шавад. Филми бо коргардонии Муҳиддин Музаффар таҳия мешавад.

Ин шашумин филми таҳиякардаи ин гуруҳи эҷодӣ мебошад.  Гуруҳи эҷодии филми мазкур қаблан филмҳои ҳунарии “Ормонҳо” (2010), “Паймон” (2014), “Коса” (2015) ва филми ҳуҷҷатии “Духтари Сайҳун” (2015)-ро пешкаши тамошобинон кардааст. 

Назарҳо

Филмҳои Муҳиддин Музаффар ро аз куҷо метавон пайдо кард? Кош ин гуна филмҳо бештар мешуданд...

Шояд шумо суол ё назаре доред?