Муҳайё Нозимова роҳбари Ассотсиатсияи бонувони журналист интихоб шуд

Муҳайё Нозимова, журналисти маъруфи тоҷик роҳбари  Ассотсиатсияи бонувони журналисти Тоҷикистон интихоб шуд.

2-юми ноябр дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси” Анҷумани таъсисотии Ассотсиатсияи бонувони журналист доир гардид ва Муҳайё Нозимоваро ҳамчун роҳбари ин ниҳод навтаъсис интихоб карданд.

Дар ин анҷуман ҳамчунин  оинномаи Ассотсиатсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, аъзои Раёсат, сарвари он, аъзои комиссияи назоратӣ пешниҳод ва қабул гардиданд.

Дар назар аст, ки давоми як моҳи оянда ҳуҷҷатҳои таъсисотии Ассотсиатсия ба вазорати адлияи Тоҷикистон барои гузаштан аз қайди давлатӣ пешниҳод гардад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?