Муаррифии номзадҳо барои ҷоизаи “Оскар”

14-уми январ маросими  муаррифии номзадҳо барои ҷоизаи байналмилалии “Оскар” дар 26 ришта баргузор шуд.

Аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунари олам Леонардо Ди Каприо аст, ки бори шашум мудаии “Оскар” мешавад. Ин бор барои нақшаш дар филми “Бархоста аз гӯр” ба ин ҷоиза пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин филмҳои “Пули ҷосусӣ”, “Бруклин”, “Макси девона: Роҳи хашм”, ” Утоқ”, “Бозӣ барои таҳқир”, “Дар маркази таваҷҷуҳ”, “Марсианин” аз ҷумлаи номзадҳо ба “Оскар” мебошанд.

 Коршиносон мегӯянд ин бор сари филми “Бархоста аз гӯр”, ки даъвогари ҷоиза дар 12 бахш аст, баҳсҳои тезутунде дар ҷараён хоҳанд шуд. Ин филм ҳамагӣ чанд рӯз пеш ба дарёфти ҷоизаи журналистии “Глобуси тиллоӣ” ноил шуда буд.

Барои бахши беҳтарин нақши зан Бри Ларсон (“Утоқ”), Кейт Бланшетт (Кэрол”), Шарлота Рэмплинг (“45 сол”), Ҷенифер Лоуренс (“Ҷой”) пешниҳод шудаанд.

Барои иҷрои нақшҳои дуюм Кристиан Бэл, Марк Руффало, Марк Райленс, Силвестр Сталлоне, Том Харди, Алисия Викандер, Ҷеннифер Ҷейсон Ли, Кейт Уинслет, Рейчел Макадамс ва Руни Мара талош доранд.

Коргардони рус Константин Бронзита бо филми тасвирии худ “Мо бе кайҳон зиста наметавонем” ба рӯйхати муддаиёни ҷоизаи байналмилалии “Оскар” дохил шуд. Ин филмест аз рӯзгори ду дӯст, ки аз овони тифлӣ орзу доранд кайҳонавард шаванд ва барои расидан ба ҳадаф ҳатто омодаи қурбон шудан доранд, ҳикоят мекунад.  

Гуфтанист, ки имсол ғолибони “Оскар” рӯзи 28-уми феврал эълон хоҳанд шуд. Маросими эътои он мустақиман аз тариқи шабакаҳои телевизионии 225 кишвраи олам намоиш дода мешавад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?