ММКД- и ДОМ, Шаҳодатномаи Рушди Иқтисодии Ҷомеаҳои Маҳаллиро барои хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон тақдим менамояд ®

Душанбе, Тоҷикистон, 7 марти соли 2016–Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Мактаби Осиёи (ММКД ДОМ), барои хатми бомуваффақият, ба 14 нафар хизматчиёни давлатӣ аз  ҷамоатҳои ноҳияҳои Тоҷикистон, Шаҳодатноми Рушди Иқтисодии Ҷомеаҳои Маҳаллиро(РИҶМ), тақдим  намуд. Ин аввалин  хатмкунандагони барнома, як гурӯҳи  хизматчиёни давлатии Тоҷикистон мебошанд.

Маросими таҷлил, дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДИД) баргузор гардид, ки дар он ҷо Шарифҷон Ҳакимзода, Мушовири Раёсати захираҳои инсонӣ назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Лутфия  Абдулқодирзода,       Ректори ДИД; Гурез Қосимзода, муовини Директори Агентии хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Тоҷиддин Ҷуразода, муовини аввали Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Акбар Алӣ Песнанӣ, Намояндаи доимии Шабакаи  Оғохон оид ба Рушд (AKDN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Доктор  Богдан Кравченко,  Директори Генералии ДОМ ва Декани тадқиқоти  баъдидипломӣ иштирок карданд.

"Таҳия ва бо муваффақият гузаронидани барномаи РИҶМ, бо 14 нафар хизматчиёни давлатӣ,  як марҳилаи муҳими ҳамкории мо бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, оид ба таълими кормандони  давлатӣ мебошад», гуфт, ректор Aбдулқодирзода. «Мо барои ҳамкории оянда бо ДОМ ва густариши он комёбиҳо омода ҳастем».

Оқои Ҳакимзода, хизматчиёни давлатиро барои амалӣ намудани дониши андӯхта, оид ба худидоракунии дар ҷамоатҳои кишвар даъват  намуд. Хизматчиёни давлатӣ, яке аз аввалинҳо ва дар аксар мавридҳо, намояндагони ягонаи давлатӣ мебошанд, ки бо ҷамоатҳои деҳот дар алоқа ҳастанд.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ДОМ ва ДИД, барои таҳия ва пешниҳоди намудани барноми Шаҳодатномавӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон, миннатдории  бепоёни худро изҳор намуда,  хатмкунандагонро  барои анҷоми бомуваффақияти таҳсили чунин барномаи муҳим  табрику муборакбод менамояд. Мо умедворем,  ки хатмкунандагон дониши навандӯхтаро барои ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷомеаҳои худ бо пуррагӣ истифода  хоҳанд бурд», гуфт: Оқои "Ҳакимзода.

Беш аз даҳ моҳ, хизматчиёни давлатӣ, дар даҳ самтҳои асосӣ, аз ҷумла Идоракунии давлатӣ дар маҳал, Соҳибкорӣ ва  маблағгузории корчаллонӣ, Рушди инфрасохтор дар маҳал, Идоракунии истифодаи замин, Сафарбар намудани захираҳо барои рушди ҷомеаи маҳаллӣва дигар соҳаҳо омӯзиш гирифтанд. Тарҳи Барномаи қулайи модулии РИҶМ, ба кормандони давлатӣ имконияти соҳиб шудан ба Шаҳодатнома, ки он ба 25- кредити  Системаи Кредитии  Аврупо оид ба интиқолро (ЕCTS) баробар аст, пешниҳод  намуд.

«Мо малака ва дониши амалии худро, оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ  ҷомеаи маҳаллиро такмил додем. Ин дар  фаъоляти  ҳаррӯзаи мо фоиданок  хоҳад буд ва мо инчунин дониши андухтаро  бо  дигар ҳамкорон,  барои идоракунии самаранок ва даровардани тайғирот  дар ҳаёти ҷомеа,қисмат хоҳем кард», гуфт: дорандаи Шаҳодатнома, Маҳтоб Қосимзода, муовини сардори ноҳияи Варзоб.

Барномаи РИҶМ  дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи  Ёддошти тафоҳум, ки  аз ҷониби ДИД ва ДОМ, дар соли 2014 ба имзо расидааст, баргузор гардид. ДОМ 10-модули Барномаи Шаҳодатномавии РИҶМ-ро  барои таълимии муштараки ДИД таҳия намуда,  бо ҷалби 10  нафар устодони  ботаҷриба ва бо фарогирии  15 нафар хизматчиёни давлатӣ,амалӣ намуд. Созишнома, як қисми ӯҳдадориҳои васеъ барои таҳкими  зарфияти  хизматчиёни давлати ва худидоракунӣ маҳаллӣ  мебошад.

Хизматчиёни давлатӣ, барномаи мазкурро, ҳамчун як қисми (RPPI) Лоиҳаи тадқиқот  ва ташаббуси сиёсати давлатӣ, бо дастгирии Маркази Рушди Таҳқиқоти Байналмилалии Конадо ва намояндагии Хазинаи Оғохон дар Конадо хатм намуданд.

 

Барои  маълумоти бештар

Диловар Бутабеков,

Муовини Директори ММКД,

 Тоҷикистон ва Афғонистон,

Мактаби Маълумоти

Касбӣ ва Давомдори

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ,

ВМКБ, ш.Хоруғ Кӯчаи Ленин 126,736000, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992 (3522) 22 277 (ext. 201)

Мобилӣ: +992 (93) 5050909

E-mail: dilovar.butabekov@ucentralasia.org

 

 

Эзоҳ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар соли 2000 таъсис дода шудааст.  Президенти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва, инчунин Аълоҳазрат Оғохон,Шартномаи байналмилалии муассисон ва Низомномаи Донишгоҳи хусусӣ дунявиро ба имзо расониданд, ва баъдан   аз тарафи парлумонҳои ин кишварҳо ба тавсиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шуд. ДОМ  бо дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо  Шабакаи Рушди Оғохон фаъолият мекунад. Барои маълумоти бештар дар бораи ДОМ, лутфан ба сомонаи зер ташриф оред: www.ucentralasia.org.

 

Шабакаи Рушди Оғохон 

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд аз гурӯҳи оҷонсиҳои босалоҳият иборат мебошад, ки дар бахшҳои муҳити зист, тандурустӣ, маориф, меъморӣ, фарҳанг, молияи хурд, инкишофи деҳот, пешгирии фалокат, рушди корхонаҳои хусусӣ ва эҳёи шаҳрҳои таърихиро дар бар мегирад. Шабакаҳои Оғохон барномаҳои худро новобаста аз эътиқоди мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсият пиёда мекунанд. Маълумоти бештарро оиди Шабакаҳои Оғохон оид ба рушд метавонед аз сомонаи www.akdn.org дастрас намоед. 

 

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор 

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар Осиёи Марказӣ аввалин муассисаи таълимист, ки ба ҷавонон ва калонсолон таҳсили кӯтоҳмуддати касбӣ ва техникиро дар шаклу усули барояшон мувофиқ пешниҳод намуда, имкони бо кор таъмин будану зиёд намудани даромади онҳоро афзун мегардонад.ММКД барномаҳои таълимиро  дар 30 самт, дар марказҳои таълимиаш дар минтақа пешниҳод менамояд. Ҳамаи барномаҳои Шаҳодатномавии ММКД бо таъмини сифати баланди таълим ва даъват кардани имтиҳонгирандаҳои берунӣва ҷавобгӯ ба стандатрҳои ҷаҳонӣ мебошанд.Мактаб ҳамчун таъминкунандаи пешқадами адабиёти таълимӣ зиёда аз 250 номгӯй китоби дарсиро барои таълими барномаҳояш интишор намудааст. Барои маълумоти муфассал оид ба Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор, лутфан тамос бигиред: http://www.ucentralasia.org/spce.asp  

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?