Мизони таваррум дар Тоҷикистон афзоиш меёбад

Вазорати молияи Тоҷикистон нишондодҳои макроиқтисодиро, ки барои буҷаи давлатии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2019 зарур аст, пешбинӣ кард. 

Ин вазорат мегӯяд сатҳи таваррум дар соли 2017  7 дарсадро ташкил хоҳад дод, соли 2018 ба  7,3 ва дар соли 2019 ба 7 дарсад мерасад.  

Ин манбаъ бар ин назар аст, ки соли 2016 таваррум на камтар аз 7 дарсад хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта таваррум 5,1 дарсад буд. 

Ин вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилӣ дар соли 2017 58 миллиарду 909,7 миллион сомониро ташкил хоҳад дод. Соли 2018 он ба 65 миллиарду 762,3 миллион ва соли 2019 73 миллиарду 599,4 миллион сомонӣ хоҳад расид. 

Бино ба иттилоъи манбаъ соли ҷорӣ тавлиди нохолиси дохилӣ бештар аз 57,7 миллиард доллар хоҳад буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?