Мирзои Салимпурро ҳам аз "Озодӣ" ронданд

Боз як журналисти бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” пас аз 16 соли фаъолият аз ин расона ронда шуд.

Худи журналист, чанд лаҳза пеш дар ин бора дар саҳифаи Фейсбукияш хабар дод.

Ва дар посух ба саволи TojNews дар бораи шарҳи бештари қазияи аз “Озодӣ” рафтанаш ҷаноби Салимпур гуфт, бар асоси “шартномаи талоқ”, ки имзо кардааст, ҳуқуқ надорад дар бораи ҷузъиёти ин мавзуъ ҳарф занад. “Аммо дар ин муҳит дигар кор кардан аслан маънӣ надошт...”, -илова кард журналист.

Аммо манобеи огоҳ аз қазия мегӯянд, ба ҷаноби Мирзои Салимпур аз ҷониби як “Кумитаи махсус”-е, ки ахиран барои поккорӣ дар сафи боқимондаи журналистони ҳирфаии тоҷик дар ин расонаи амрикоӣ таъсис дода шуда буд, барои идомаи кор иҷозат дода нашудааст.

Шартномаи корӣ бо ӯ ҳудудан пас аз як ҳафтаи таъсиси ин комиссия қатъ карда шудааст. Ба  кумитаи мазкур як нафар амрикоӣ, раҳбари бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” - Соҷидаи Мирзо ва Аббос Ҷаводӣ, мудири барномаҳои Осиёи Марказии ин расона шомил будаанд.

Аз кор дар бахши тоҷикии радиои Конгресси ИМА ҳамчунин, ахиран ду журналисти дигар: Нурмуҳаммади Холзода ва Саидқосмими Қиёмпур, бо хоҳиши худ, рафтаанд.  

Мирзо Салимпур дар Радиои “Озодӣ” 16 соли охир фаъолият мекард ва яке аз журналистони ҳирфаии боқимонда дар ин расона ба ҳисоб мерафт. Вай то соли 2002 дар бахши тоҷикӣ дар Душанбе  ва минбаъд корашро дар Прага идома дод.

Ҷаноби Салимпур мегӯяд, ба Тоҷикистон, бинобар ин ки фарзандонаш дар Чехия таҳсил мекунанд, баргаштанӣ нест. Мехоҳад дар Аврупо кори дигаре пайдо бикунад.  

Ин нахустин мавриди рондани рӯзноманигорони ҳирфаӣ аз ин расона нест. Пештар, Сайёфи Мизроб, Абдуқаюми Қаюмзод, Фахриддини Холбек (Фарҳоди Милод) ва қабл аз онҳо Равшани Темуриён низ аз идомаи фаъолият дар ин расона маҳрум шуда буданд.

  

Шояд шумо суол ё назаре доред?