Мавлавӣ Абдулҳамид барандаи Ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар” шуд

Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, Сархатиби Масҷиди Маккии Зоҳидони Эрон барандаи Ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар”-и Конуни мудофеони ҳуқуқи башари ин кишвар гардид.

Мавлавӣ Абдулҳамид ҳангоми дарёфти ин Ҷоиза гуфтааст:  «бояд талош кард то оташи ҷангу хунрезӣ хомӯш шавад ва пайравони тамоми динҳо, мазҳабҳо ва ақидаҳо битавонанд бо сулҳу оромиш ва бо эҳтиром ба ақоиди якдигар дар канори ҳам зиндагӣ кунанд».

Дар баёнияе, ки Конуни мудофеони ҳуқуқи башари Эрон дар ин замина нашр кард, гуфта шудааст: Бисёр ифтихор мекунем, ки Ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар”-и Конуни мудофеони ҳуқуқи башар дар соли 1393-и хуршедӣ(2014) ба Мавлавӣ Абдулҳамид, яке аз уламои аҳли суннат дар Эрон тақдим мешавад.

Ин дар ҳолест, ки мавлавӣ Абдулҳамид ва хонаводаи ӯ ҳамвора зери фишори мақомоти эронӣ қарор доранд. Аз ҷумла пайвандонаш Муҳаммад Исмоил Муллозиҳӣ ва Абдулалим Шаҳбахш, ки моҳҳо дар боздоштгоҳ қарор доштанд.

Аммо ин фишорҳо аз сӯи ҳукумат на танҳо мавлавӣ Абдулҳамидро ба доми хушунату даргирӣ накашонда ё ӯро таҳрик накардааст, балки вай дар пайгирӣ ва талоши мусолиматомезҷӯёна барои таҳаққуқ ёфтани ҳуқуқҳои башарӣ тасмимҳои ҷиддитаре гирифтааст.

Муовини Конуни мудофеони ҳуқуқи башари Эрон дар поёни ин маҳфили ҷоизасупорӣ ба мавлавӣ Абдулҳамид гуфтааст, ки барои расидан ба сулҳу зиндагии бидуни хушунату хунрезӣ ва сулҳи пойдор дар кишвар ва ҷаҳон мо дар канори шумо боқӣ хоҳем монд.

Конуни мудофеони ҳуқуқи башари Эрон соли 2001 тавассути Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи  Сулҳи Нобел ва ҳамкоронаш дар Ҷумҳурии исломии Эрон таъсис дода шуда, 7 сол пеш Ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар”-ро роҳандозӣ кардааст.

Ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқ башар” ба шакли устувонаи Куруши кабир ё Маншӯри ҳуқуқи башари Куруш тарроҳӣ шуда, тавассути Наргис Муҳаммадӣ, муовини Раиси Конуни мудофеони ҳуқуқи башар ба мавлавӣ Абдулҳамид эҳдо шудааст.

Пеш аз ин Ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар”-и ин Конунро  Оятуллоҳ Ҳусайналии Мунтазарӣ, Иззатуллоҳ Субҳонӣ, Аббос Амиринтизом, Муҳаммад Малакӣ ва Тақӣ Раҳмонӣ соҳиб шудаанд.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?