Мавқеъи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА 14 зина тағйир ёфт

Дар рейтинги нави ФИФА тими мунтахаби Тоҷикистон 14 зина поин рафтааст.

Тибқи радабандии нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), Тоҷикистон бо 149 имтиёз дар рейтинги нав дар мақоми 164 ҷой гирифтааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 14 зина қафо мебошад.

Мавқеъи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва давлатҳои минтақа поинтар аст. Дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ тими мунтахаби Украина пешсаф буда, бо 880 имтиёз дар ҷои 22-юм мебошад. Русия нисбат ба моҳи гузашта 4 зина поин ва дар ҷойи 27-ум аст.

Тоҷикистон баъди бохтҳои пайдарпай аз Австралия ва Қирғизистон дар даври бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 чунин пас рафтааст. Мавқеъи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА дар моҳҳои январ ва феврали соли равон бидуни тағйир буд, ки дар ҷойи 148 буд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 инҷониб тартиб дода мешавад. Ба ҳисоби нозирони соҳа, натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги мазкур дар моҳи июни 2013 будааст, ки дар ҷойи 106-ум буд. Натиҷаи пастаринаш дар соли 2003 дар ҷои 180-ум сабт шудааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тими мунтахаби Ӯзбакистон пешсаф мебошад, ки мавқеъаш 8 зина боло рафта, ҳоло бо 549 имтиёз дар ҷойи 66-ум аст. Қазоқистон низ 9 зина боло рафта, бо 300 имтиёз дар ин радабандӣ дар ҷойи 116 қарор дорад. Қирғизистон бо 340 имтиёз дар ҷойи 100-ум, Туркманистон бо 277 имтиёз дар ҷойи 128 мебошад.

Тими мунтахаби Афғонистон низ аз Тоҷикистон пешсаф буда, мавқеъашро 4 зина устувортар ва бо 192 имтиёз дар ҷойи 147 истодааст.

Дар миёни кишварҳои Осиё Эрон дар ҷадвали нави ФИФА пешсаф мебошад, ки бо касби 672 имтиёз дар мақоми 42-юм қарор гирифтааст. Пас аз он Австралия дар ҷойи 50 (601 имтиёз), Ҷопон 57 (577 имтиёз) ва Ӯзбекистон қарор доранд.

Дар рейтинги нав Аргентина, Белгия, Чилӣ, Колумбия, Гермния, Испания, Бразилия, Португалия, Уругвай ва Англия даҳгонаи пешсаф мебошанд.

Тонга, Сомалӣ, Эритерия, Ҷибутӣ, Баҳамас, Муғулистон аз кишварҳоеанд, ки мақоми охирро доранд.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?