Матбуот: Моҳи аҳзоби сиёсӣ ва номаи Ҳаёт Неъмат

Сиёсат

“Азия плюс” (№94 (977), 8.12.2014) ба интихоботи парламонии кишвар рӯ оварда, менависад, ки аз якуним то ду миллион муҳоҷири тоҷики муқими Русия метавонанд аз ҳуқуқи овоздиҳӣ маҳрум шаванд.

Зеро аллакай маълум шудааст, ки дар як кишвари паҳновар танҳо дар се нуқта: Маскав, Екатиренбург ва Уфа участкаҳои интихоботӣ таъсис шудаанд. Муҳоҷирини шаҳрҳои дигар имкони овоздиҳӣ надоранд.

“Тоҷикистон” (№50 (1092), аз 11-уми декабри соли 2014) дар мақолаи “Таблиғоти “фиребанда” дар масъалаи оғози таблиғоти интихоботӣ навиштааст.

Аз назари шореҳи ин нашрия аҳзоби сиёсӣ мехоҳанд то оғози муборизаҳои интихоботӣ барои интихобкунандагонашон “сюрпризҳо”- и эҳтимолии худро омода кунанд. Нашрия бар ин назар аст, ки моҳи декабрро метавон моҳи ҳизбҳо эълон кард. “Зеро аксари аҳзоби сиёсии кишвар маҳз дар ин моҳ анҷуманҳои худро баргузор намуда, барномаи амал ё худ стратегияи мубориза бо рақибони сиёсии худро тасдиқ мекунанд”.

Ва тавсия медиҳад: Мардум бояд ба умеди “сюрпризҳо”-и интихоботӣ нашуда, бо назардошти манфиатҳои давлативу миллӣ дар интихобот аз ҳаводории аҳзоби  сиёсӣ қарори дуруст қабул намоянд”.

 Иқтисод

 “Озодагон” (№45 (354) 10.12. 2014) мусоҳибаи иқтисодшиноси маъруфи кишвар, доктори улуми иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаровро интишор додааст, ки мегӯяд “Ҳукумат дар Тоҷикистон вазъи фавқулоддаи иқтисодӣ эълон кунад, то ин ки роҳи монополистҳои ба таври сунъӣ нархро боло мебурдаро бигирад.

Дар Тоҷикистон монополияҳои зиёде вуҷуд доранд, ки курсинишинони ҳукумат онҳоро дастгирӣ мекунанд. Ҳоло бояд тавре кард, ки нархҳо аз тарафи давлат мавриди таҳлил қарор гиранд, он нархҳое, ки ба таври сунъӣ  боло бардошта шудаанд, ба сатҳи муътадил фароварда шаванд”. Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба ин назар аст, ки буҳрони иқтисодӣ аллакай Тоҷикистонро фаро гирифтаст. Ва далелаш ҳам он аст, ки якуним миллион муҳоҷири кишвар дар дохил кор карда наметавонанд ва заҳмати иҷборӣ берун аз хоки ватан нишони буҳрон аст.

“Наҷот” (№50 (820), 11.12. 2014) таҳлили иқтисодии худро “Ноназаргирии буҳрон ва ислоҳнопазирӣ нуқтаи таммати ҳукумат аст” ном гузоштааст. Муаллифи мақола менависад, ки буҳрони Русия сахттарин ва шадидтарин зарбаро ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад зад ва пешбинӣ мекунад, ки аввали баҳори оянда доллар ба ҳафт сомонӣ ва охири сол ба даҳ сомонӣ баробар мешавад.

Аз поёнравии қурби пули русӣ ирсоли пули муҳоҷирин ба Тоҷикистон аллакай 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Муаллиф ҳамчунин бар ин назар аст, ки таъсири буҳрони Русия аввали баҳори соли оянда дар Тоҷикистон бештар эҳсос хоҳад шуд. Ва мегӯяд агар дар кишвар ислоҳоти фарогири иқтисодӣ роҳандозӣ нашавад, буҳрон сахт гиребонгир меояд.

“Бизнес и политика” (№49 (460),11.12. 2014) бар ин назар аст, ки Арабистони Саудӣ бо силоҳи нефт ба Русия, Эрон ва ИМА зарба мезанад. 

“Тоҷикистон”  болоравии нархи нафту газ дар кишварро ба чолиш кашидаст ва ба саволи “Оё Газпромнефт мнополист ва сабагори болоравии нарх дар Тоҷикистон аст? посух ҷустааст. Ин нашрия менависад, ки дар пасманзараи коҳиши чашмгири нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон он боло меравад.

“Пайк” (№49 (74), 10.11.2014)  навиштааст, ки ҳарчанд Бонки миллӣ бо ирсоли номаҳо хостори боздоштани раванди беқубшавии пули миллист, вале қудрате надорад, ки амалан садди роҳи ин шавад. Ва як иллатро дар он мебинад, ки “як бонки давлатӣ аз дигараш пуштибонӣ кардан намехоҳад”.

Иҷтимоъ

“СССР” (№50 (327), 11.12. 2014) дар ду мақола масъалаи марги фармондеҳони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварро ба чолиш кашидааст.

Дар мақолаи аввал ба марги нобаҳангоми ду узви хонаводаи Чоловҳо зарфи як моҳ назар андохтаву баъди баёни сарнавишти Қурбон, Султон ва Панҷшер Чоловҳо навиштааст, ки басо мутаассифона бародари дигари ин хонадон Раҳмони Чол низ гирифтори бемории “маркази мағзист”. 

Ва нашрия Раҳмони Чолро донишмандтарин чеҳраи ин хонадон медонад, ки чанд илми олӣ доштаву чанд донишгоҳро хатм кардааст. Ба навиштаи ин нашрия падари онҳо Аҳмад Чолов соҳиби 9 писар буд.

Ва дар мақолаи дигар, ки бо номи “Қумандонҳо чаро мемиранд?” ба асрори марги мармузи иддае аз фармондеҳони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯ меорад, вале иллати марги ягон нафари онҳоро ифшо намекунад ва ҳамоно сабабҳои марги ҳар кадоми онҳо аз Сангаку Файзалӣ то Мирзо Зиё дар пояи фарзияву тахминҳо боқӣ мондаанд.

Фарҳанг

“Озодагон” аз зиндаёд Ҳоҷӣ Сайидолими Қаздонӣ (Боқиев) ёднома чоп кардааст. Мавсуф, ҳудудан чил сол дар мактаби деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ омӯзгор будаву, илова ба он ки ба шогирдони дарси хираду адаб меомӯхт, пайваста шеъру мақола эҷод мекард ва дар нашрияҳои кишвар чоп менамуд. Бино ба навиштаи ҳафтанома Ҳоҷӣ Сайидолим муаллифи  панҷ маҷмуаъи ашъор буда, шеърҳояш имрӯз ҳам миёни мардум аз маъруфияти хос бархӯрдоранд.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ бо чопи номае дар “СССР” (№50 (327), аз 11-уми декабри соли 2014) хостори он шудааст, ки ҳар фарди дилогоҳи тоҷик ба қадри тавон дар чопи тазкираи ӯ бо номи “Сипеҳри орзу” саҳм гиранд. Ҳаёт Неъмат менависад: “Камина ҳамчун давоми “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ, баҳри нишон додани он ки боғи адаби тоҷики Самарқанд дар асри 20 чӣ меваҳое дошту ба адабиёти тоҷик киро ва чиро дод, тибқи анъаноти неки ниёгон тазкирае бо номи “Сипеҳри орзу” таълиф намудам, ки ба андозаи 1050 саҳифа ба чоп омода шуд ва барои чопи он маблағи зиёде лозим аст”.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?