Матбуот: “Интихобот ва ҳизбҳои сиёсӣ”

Интихобот ва буҳрони иқтисодӣ аз муҳимтарин матолиби матбуоти ҳафтаи гузашта дар Душанбе буд.

“Озодагон” (№01 (357), аз 7 январи соли 2015) мақолаи интихоботии худро “Аҳзоби мухолиф ба парлумон роҳ меёбанд?” унвон кардааст. Муаллиф менависад: “Таҳлилгарон бар инанд, ки роҳ ёфтани аҳзоби мухталиф дар парлумон дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки тартиботи муқаррарнамудаи қонун риоят шавад ва овозҳои мардум бекаму кост ҳисоб шаванд.

“Азия-плюс” (№2 (985), аз 8 январи соли 2015) дар мақолаи таҳлилии худ аз боби интихоботи парлумонӣ ба ин хулосаи кутоҳ расидааст: “Ҳизби коммунист пул надорад, Ҳизби наҳзати исломӣ ҷой намеёбад, Ҳизби Халқӣ-демократӣ бидуни кадом мушкилот аст”. Аз ҷумлаи Ҳизби коммунист менависад, ки потенсиалӣ кадрӣ дорад, вале пул намеёбад. Ин нашрия аз нақли Исмоил Талбаков иқтибос овардааст: “Потенсиали кадрии мо хеле бузург аст, вале мушкилоти молие, ки ба андози интихоботӣ ва роҳандозии маъракаи интихоботӣ рабт мегирад, ба мо имкон намедиҳад, ки номзадҳои бештарро вориди мубориза барои курсиҳои парламонӣ кунем”.

“Наҷот” (№02 (824), аз 8 январи соли 2015)  аз аввалин пешниҳоди номзадҳои ҳизб дар гӯшаву канори кишвар навиштааст ва аз баргузории ҷаласаҳои пешбарии номзадҳо дар ноҳияҳои Фархор, Кӯлоб, Ваҳдат, Қумсангир, Рӯдакӣ гузориш додааст.

“СССР” (№02 (331), аз 8 январи соли 2015) дар мақолаи “Интихобот ва ҳизбҳои сиёсӣ” навиштааст, ки давлат аз буҷаи худ барои баргузории интихоботи парлумонӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.  Дар қиёс ба интихоботи соли 2010 ин даъфа як ҳизб аз ҳисоби зуд 30.000 нишондиҳанда, ё худ 1 миллиону 200 000 ва як номзад 60 000 сомонӣ метавонад сарф кунад. Тибқи иттилои КМИР барои аҳзоби сиёсӣ дар телевизиони давлатӣ 40 дақиқа ва барои вакилони инфиродӣ 20 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад, то барномаҳои пешазинтихоботии худро таблиғ намоянд.

“Пайк” (№01 (78), аз 7 январи соли 2015) ба нақл аз раиси бахши минтақавии ҲНИТ дар Қурғонтеппа Қамариддин Афзалӣ хабар додааст, ки ин ҳизб аз 8 ҳавзаи интихоботии минтақаи Қурғонтеппа дар 4 ҳавза номзад пешниҳод мекунад. Аммо ҳамзамон гуфтааст, ки дар 70 дарсади ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба маҷлиси вакилони маҳаллӣ номзад пешбарӣ кунад.  Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои ҳамин нашрия ҲХДТ аллакай аз 8 ҳавза дар 7 ҳавза номзад пешниҳод кардааст.

Иқтисод

Дар “Тоҷикистон” (№1 (1095), аз 8 январи соли 2015) Олим Бобоев, Директори пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АИ Тоҷикистон гуфтааст, ки  соли равон ҳам як муддат ноустувории асъори хориҷӣ боқӣ мемонад ва баъдан пули русӣ мавқеъи худро дар бозор муайян мекунад. Ҳамзамон таносубҳои муайяни иқтисодӣ равшан мешаванд. Ин як сиёсати глобалӣ аст. Исмоил Талбаков бошад, гуфтааст, ки “Пастравии бесобиқаи пули русӣ ва болоравии доллар ИМА дар бозори асъори Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонад”.

“Миллат” (№01 (487), аз 7 январи соли 2015) аз беқубшавии ғайриинтизори евро матлаб чоп кардааст. Ва менависад: “Дар ҳоле, ки сармоягузорон ба тамоюли Бонки марказии Аврупо ба афзоиши барномаҳои муҳаррики иқтисодӣ чашм дӯхтаанд, нархи евро дар муқобили доллар ба поинтарин мизони худ дар 9 соли гузашта расид.

“Азия-плюс” навиштааст, ки соли 2014 ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирин то 4 миллиард доллар коҳиш ёфтааст, ҳамзамон ба нақл аз ҷонишини МТС назди Президенти Тоҷикистон Фарида Муъминова навиштааст, ки соли 2015 он каме рӯ ба афзоиш меорад.

Салафия ва гуруҳҳои тундгаро

“СССР” (№02 (331), аз 8 январи соли 2015) Салафия, ваҳҳобизм ва ихвоналмуслиминро созмонҳои тавлидкардаи инглис ва Амрико донистааст. Муаллифи ин мақола менависад, ки ибораи “исломи амрикоӣ” бори аввал аз забони яке аз роҳбарони аввали Ҷумҳурии исломии Эрон расонаӣ шудааст. “Ростӣ тахмин кардан мушкил аст, ки чаро ин андеша аз ҷониби руҳониён ва идеологҳои дигар кишварҳои мусалмонӣ мавриди дастгирӣ ё вокуниш қарор нагирифт. Аммо андешаи ғолиб бар он аст, ки баъзеҳо аз вобастагиву  пойбанди сиёсати Амрико будан “ба лаб кулӯх молида, бошанд, иддаи дигар андешаи роҳбари Эронро аз ихтилофи қадимии мазҳабӣ сарфи назар мекунанд”,- менависад ӯ.

“Фараж” (№02 (423), аз 7 январи соли 2015) бо интишори мақолаи исломшинос Абдуллоҳи Муҳаққиқ салафияро иттиҳоди муташаккили гуруҳҳои ҷинояткори такфирӣ ва ифротӣ донистааст. Муаллиф бар ин назар аст, ки салафия дар қаламрави кишварҳои  мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла мамолики араб ва афғонистону Покистон бо номҳои мухталиф фаъолият мекунад. Ба навиштаи муаллиф ДОИШ низ аз шохаҳои ҳамин ҷараён аст.

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?