Матбуот: “Ба хун омадем, ба хун меравем” набояд шиор бошад

Матбуоти ин ҳафта чӣ навишт?

Аз сиёсат

 “Азия-плюс»(№93 (976) аз 4 декабри 2014) баҳси Кабирӣ бо Академияи илмҳои кишварро ба чолиш кашидааст. Бештар он нуктаеро, ки иддае аз кормандони ин академия ҲНИТ-ро ба ҳаракати Толибони Афғонистон ва ДОИШ монанд карданд. Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ин қиёсро ғайримуҷоз хондааст ва гуфтааст, ки Толибон ва ДОИШ ҷунбишҳои сиёсиву ҳарбианд, ки ҳар гуна ҳамкорӣ бо давлатҳои дунявиро қабул надоранд, интихоботро намепазиранд ва дар он ширкат намекунанд. ДОИШ марзҳои миллӣ ва давлати миллиро низ қабул надорад ва дар талошаш барои сохтани Хилофати исломӣ устувор аст. Аммо ҲНИТ ҳизби пинҳонкор нест, он тибқи қонун амал мекунад ва ҳизби мухолифи давлат аст, ки ин пазируфтанист, чун мавҷудияти мухолифон шарти аслии рушди ҳар давлати муосир аст.

Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло бошад ғояи бастани ҲНИТ-ро аслан намепазирад ва мегӯяд агар ин ҳизро ҳам банданд, аъзои он боқӣ мемонанд ва боз ин дар ҳоле, ки ҲНИТ дуюмин ҳизби бузурги кишвар аст.  

Ҷомеашиноси маъруфи тоҷик Меҳмоншоҳ Шарифзода, ки дар мавзуъи  худкомагӣ ва низомҳои худкома  дар “Наҷот” (№49 (819) аз 4 декабри 2014)   суҳбат мекард, ин гуна режимҳороо бебунёд ва беарзиш дониста, дар мавриди Тоҷикистон гуфтааст: “...давлатмардоне, ки ба сари қудрат омаданд чорчӯбҳои сиёсӣ ва ҳақиқати куҳнаро шикаста натавонистанд, ҳаддақал ба ин чорчӯбаи меросӣ моҳияту маънии нав ворид накарданд сиёсат амали созанда қарор нагирифт, балки ба як ҳарфи хушку холӣ табдил ёфт. Дар ҳоле ки сарчашмаҳо барои таъмини ғизои маънавии  сиёсат дар Тоҷикистон вуҷуд доштанду доранд”. Ба ақидаи Меҳмоншо Шарифов аз шиори “ба хун омадем, ба хун меравем” барои Тоҷикистон набояд ҳарфи калидӣ сохт, агарчи пайёми аслии ҳукумати  ба сари қудрат омада, “огоҳ бошед, мо омадем ва қонун моем ва ҳар кор, ки хостем, мекунем”.

“Фараж” (№49 (418) аз 3 декабри 2014) бо интишори мақолаи “Курсиҳои “сварка” мешикананд” ба он эрод гирифтааст, ки раисони ҳизбҳои сиёсии кишвар талаби истеъфои Раҳмонро дар миён мегузоранд, вале худ дар курсиҳои раисии ҳизбашон маҳкам нишастаанд ва баъзеҳо аз замони таъсиси ҳизб то кунун сарвари онанд.  
“Бизнес и политика” (№48 (459) аз 4 декабри 2014) ба Ӯзбакистон рӯ овардааст ва дар як таҳлили фарогир навиштааст, ки ин ҳамсоякишвар дар остонаи як таҳаввулоти сиёсӣ қарор дорад. Ва бозингарони майдони сиёсати ин кишварро номбар ва дар бораи шонси ҳар кадоми онҳо дар ғасби ҳокимияти Каримов изҳори назар кардааст.  
 

Аз иқтисод
“Миллат” (№48 (482) аз 3 декабри 2014) поин рафтани арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонро сиёсати роҳандозии ҷанги рубл бо доллар номидааст ва навиштааст, ки арзиши нафт аз тобистон то кунун 30 дарсад коҳиш ёфтааст ва рубл дар муқобили доллари ИМА нисбат ба январи соли гузашта 40 дарсад суқут кардааст. Таҳримҳои Ғарб  ба иқтисоди ин кишвар зарба задааст. 

“Азия плюс” (№93 (976) аз 4 декабри 2014) навиштааст, ки ба сабаби ба миён омадани хатар барои минтақа зарурати басо фаъолона даст задан ба ислоҳоти иқтисодӣ дар кишварҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ пайдо шудааст. Ва яке аз сабабҳои буҳрони қарибулвуқуъ рукуди иқтисодӣ дар Русия аст, ки иқтисоди ҳамаи ин кишварҳо ба он вобаста мебошад. 

Аз иҷтимоъ

“Азия плюс” (№93 (976) аз 4 декабри 2014) навиштааст, ки вақтҳои охир матбуоти Ғарб хеле кам аз Тоҷикистон ёд мекунад. Ва истинодан ба мулоҳизаронии коршиносонаш сабаби инро дар он мебинад, ки солҳои охир дар кишвар тағйироте ё ислоҳоте сурат нагирифт, ки мавриди суҳбатҳои расонаӣ қарор гирад. Матбуоти Ғарб ба он кишварҳое бештар таваҷҷуҳ мекунад, ки демократия, ислоҳот ва озодии сухан бештар бошад.

Ин нашрия ҳамчунин дар бораи доруҳое навиштааст, ки занон бидуни мулоҳиза барои кам кардани вазн, харобшавӣ ва дилкаш намудани шамоилашон истифода мебаранд. Шояд барои иддае ин доруҳо мақсаднок истифода шаванд ва дар коҳиши вазнашон кӯмак расонанд, вале кам касон аз оқибатҳои даҳшатбори ин доруҳо хабар доранд. Мақола таҳилест барои бонувон ва хеле муфиду ҳаминрӯзист. 

Аз фарҳанг 

Нависанда Зариф Ғулом, ки акнун ба синни 70 қадам гузоштааст, дар суҳбате бо “Тоҷикистон” (№49 (1091) аз 4 декабри 2014) аз адибони маъруф хостааст, то мактаби худро кушоянд. “Чанд рӯз пеш вақте дар Иттифоқ мавзуъи ҳикоя муҳокима мешуд, баромада рӯирост аз се нависандаи халқии дар минбарбуда Самадов, Куҳзод, Кароматулло Мирзоев  муроҷиат кардам, ки чаро мактаби адабӣ ташкил намекунед, ки ҷавонон биёянду омӯзанд.  Ҳатто вақте 70 солагии Лоиқро ҷашн мегирифтем, ҳамсари Лоиқ рӯирост гуфт: “О, чаро шиштед, равед мактабҳо, бинанд шуморо”. 

“Миллат” (№48 (482) аз 3 декабри 2014) навиштааст, ки Фаластину Сурияву ДОИШ натавонист ба андозаи як зани урён арабро такон диҳад. Сухан аз овозхони шинохтаи лубнонӣ Ҳайфо Веҳбӣ меравад, ки миёнаҳои моҳи ноябри соли равон бо як либоси нафиси сиёҳранги дароз, ки “ду бахши он аз болои камар шуруъ мешуд ва пойҳои ӯро мепӯшид”, рӯи саҳна омад. Ду навори басо кутоҳ аз ҳунарнамоии ӯро дар саҳифаи иҷтимоии Ютюб беш аз ду миллион нафар тамошо кардаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?