Матбуот: Анҷумани аҳзоб, тағйироти кадрӣ, интиқоди Нурҷонов

Сиёсат

 “Азия-плюс» (№97 (980), 18. 12. 2014) аз баргузории анҷумани аҳзоби сиёсии кишвар гузориш нашр кардааст. Ба навиштаи ин нашрия ҲНИТ рӯи овози муҳоҷирони кории кишвар дар Русия такя мекунад, аммо ташкили қитъаҳои интихоботӣ дар Русия кам ба нақша гирифта шудаанд.

Ин нашрия аз забони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ навиштааст: “Нерӯҳое ҳастанд, ки ба таҳрими интихобот таҳрик медиҳанд. Аммо ман аз шумо даъват мекунам, ки райъ диҳед ва овози худро дифоъ кунед. Пештар мо мегуфтем, ки ба он ҳизбе овоз диҳед, ки аз он дифоъ мекунед, аммо имсол мегӯем: ба ҷонибдорӣ аз ҲНИТ овоз диҳед”.

“Миллат” (№50 (484), 17.12.2014) аз панҷ коршинос  суол кардааст, ки аз тағйироти кадрии ахир, хоса аз он ки ба ҷойи Саидмурод Фаттоев  Абдуҷаббор Раҳмонов ёвари раиси ҷумҳур дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд, чӣ интизорӣ доред? Аз миёни панҷ нафар танҳо як тан изҳори хушбинӣ кардааст, боқӣ чор нафар посух додаанд, ки аслан тағйиротеро интизор нестанд.

 “Озодагон” (№46 (355), 17.12.2014) омори раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиёнро дар мавриди муҳоҷирини корӣ дар Русия дурӯғи маҳз номидааст.

Иқтисод

“Азия-плюс” мақолаи доктори илми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаровро бо номи “Оқибатҳои ҳалокатовари таҳримот” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки таҳримоти Ғарб алайҳи Русия  таъсир ба муҳоҷирати корӣ дорад, ба сурати дигар таъсири ҳалокатборе ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад расонд.

Доктор Умаров менависад, ки таъсири таҳримҳои ғарбиро мо бештар аз пештар эҳсос мекунем. Зарфи 11 моҳи соли равон қурби пули миллӣ 62 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз сӯи дигар муаллиф аз болоравии сатҳи бекорӣ миёни муҳоҷирон ҳадс мезанад, ки аксари онҳо бармегарданд. Аз ин рӯ ҳукумати кишварро зарур аст, ки имрӯз амалан даст ба кор шавад ва барои таъмини онҳо бо ҷойи кор тадбирҳои судбахш андешад. Профессор Умаров дар поёни таҳлили вазъи иқтисодӣ пешниҳодҳои мушаххас барои раҳоӣ аз буҳрон кардааст.

 “Миллат” гузорише аз намоиши қолинҳои Эрон чоп кардааст ва зимнан аз бебандубории корхонаҳои нави қолинбофӣ дар кишвар ёдовар шудааст. Аз ҷумла навиштааст, ки чан сол пеш дар Кӯлоб як чунин корхона сохтанд ва мутахассисони хуҷандиро овардаву ба сокинони маҳаллӣ касби қолинбофиро омӯзониданд.  Вале ин корхона беш аз як сол кор накард. Ҳол он ки барои омӯзонидани занон ва бунёди ин корхона маблағи кам сарф нашуда буд.

Ва баъд аз суханони Таҳид Халилванд, мудири Намоишгоҳи қолинҳои дастбофи Эрон иқтибос овардааст, ки мегӯяд дар Афғонистон чунин намоиш доштанд ва маҳсулоташонро амрикоиҳо ва инглисҳо мехариданд, дар Туркия фаронсавиҳо ва дигар сайёҳони аврупоӣ мехариданд. Дар Тоҷикистон ҳам танҳо хориҷиён, меҳмонони пойтахт ба он мароқ зоҳир кардаанд, аз сафоратхонаҳои хориҷӣ мехаранд. Вале мардуми маҳаллӣ хеле кам меоянд.

“Имрӯз-Нюс” (232 (997), 18.12.2014) вобастагии зиёд аз Русияро сабабгори аслии коҳиши чашмгири қурби пули миллӣ донистааст.

Бино ба навиштаи ин нашрия захираҳои Бонки миллӣ, ки аввали моҳи равон барои устувор нигоҳ доштани сомонӣ то 4 миллион долларро ба бозор мерехт, кам мешавад. “Зеро давоми се ҳафтаи охир арзиши як доллар босуръат майли гаронӣ дорад”.

Иҷтимоъ

“Фараж” (№51 (420), 17.12.2014) аз вазъи мактабу маориф ва тандурустӣ дар дурдасттарин ноҳияи кишвар-Мурғоб мақола интишор додааст. Муаллиф менависад, ки беморие бо номи “шамолхӯрдагӣ” аксари сокинони ин минтақаро фаро гирифтааст.

“Осори он дар чашмони ба истилоҳ хунсо ва дандонҳои бо рӯймол бастаашон дида мешавад. Ҳатто кӯдакон фикр мекунанд, ки бо ҳамин  чашми сурхи шамолхӯрда таваллуд шудаанд ва ин сурихиро ҳоҷат ба табобат нест.

Вазорат тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ метавонанд бо фиристодани даҳҳо номгӯ доруҳои арзон бемории шамолхӯрдагиро аз чашм ва рӯи наврасон рафъ кунанд”.

“Имрӯз-нюс” аз хурӯҷи бемории гепатит дар Қурғонпетта бонги хатар задааст. Аз шаҳрванде бо номи Н.Р. ҳикоят мешавад, ки баъди кандани дандонаш ба ин маризӣ печидааст ва ҳоло аз болои табибон ба маркази дандонпизишкии шаҳр шикоят бурдааст.

Ин духтар ҳоло сисола ва ҳанӯз издивоҷ накардаву аз хонадонашон касе мубталои ин беморӣ нест.

 “Пайк” (№50 (75), 17.12. 2014) дар бораи ободонии шаҳри Қурғонтеппа мақола чоп карда навиштааст, ки ин шаҳр “тайи шаш соли охир ба буҷаи вилояти Хатлон 71 миллиону 108 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳояш гузаронидаааст ва аз буҷаи вилоят бошад барои ободони он дар ин давом 5 миллиону  9 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки 8,3 дарсадро ташкил медиҳад. Қурғонтеппа ҳамчун маркази маъмурии вилоят тайи чанд соли охир рушд накардааст...”.

 Фарҳанг

Низом Нурҷонов, мунаққиди театр ва яке аз боризтарин таҳлилгарони муосир дар “Имрӯз-нюс” (232 (997), 18.12. 2014) намоиши “Зиндагинома”- и театри ба номи Лоҳутиро бахшида ба 100 солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ба боди интиқод кашидааст.

Гуфтааст, ки Шаҳидӣ бузург нест, чун асарҳои ҷолиб офарида натавонист... Ду опера дорад ҳарду ҳам номуваффаққ. Дар бораи Ҳабибулло Абдураззоқов гуфтааст, ки нақшҳои олӣ надорад.

Писараш Барзуро ҳунарманди хуб гуфтааст, вале мегӯяд дар як театр наметавонад зиёд кор кунад. Ҳошим Гадоро низ актёри хуб номидааст, аммо гуфтааст, ки шуураш касал аст, ҳардамхаёл шудааст.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?