Масдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои ифротиҳо дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон соли ҷорӣ дастрасӣ ба 55 сомонаи интернетии характери тарғиботи ғояҳои терористӣ ва экстремистӣ доштаро қатъ кардаанд.

Ба иттилои оҷонсии иттилотии kazinform, 14-уми май Ертас Муратбеков, директори Маркази байналмилалии фарҳангҳо ва дини Қазоқистон дар шаҳри Остона ба хабарнигорон эълом кардааст, ки як бахши фаъолияти ин маркази ба таҳлил ва омӯзиши маводҳои сомонаҳои интертенӣ марбут мебошад.

Ба гуфти ӯ, дар нимсолаи дуюми соли 2014 аз ҷониби Маркази байналмилалии фарҳангҳо ва дини беш аз 7000 сомонаи интернетӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, дар натиҷа маълум шудааст, ки аз байни онҳо 170 сомонаҳои характери харобиовар доранд, бинобар ин фаъолияти онҳо дар ҳудуди ин кишвар қатъ ва ё маҳдуд карда шудааст.

Тибқи нақша имсол ин марказ матолиби 5 ҳазор сомонаи интернетиро ба таври “онлайн” мавриди санҷиш қарор дода, дар давоми соли ҷорӣ дастрасӣ ба 55 сомонаи интернетиро масдуд кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки дар сокинони Қазоқистон метавонанд аз тариқи сомонаи ин марказ дар бораи фаъолияти сомонаҳои харбиовар ба онҳо муроҷиат кунанд ва сурати риоя нашудани меъёрҳои қабул гардида, дастрасӣ ба чунин сомонаҳо масдуд хоҳад шуд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?