Маъракаи интихоботи номзадҳо ба вакилӣ ва филми “Шайх Темур” (хулосаи матбуот)

Дар бештари ҳафтаномаҳои нашри Душанбе масъалаи маъракаи таблиғотии интихоботи вакилон ва филми Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар бораи “Шайх Темур” бозтоб гардидааст.

“Озодагон” (№6 (362) аз 11-феврали соли 2015) дар шумораи навбатии худ аз мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон гузорише навиштааст, ки дар Абдуллоҳи Раҳнамо, масъули Маркази тадқиқоти стартегии назди Президент ҳизби ҳокимро офтоб номида, Кабирӣ худро сарбоз гуфтааст.

“Абдулло Раҳнамо, масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур изҳор дошт, ки ҲХДТ офтоб аст. Ӯ дар баромадаш мақоли “Офтоб омад далели офтоб”-ро кор бурда, аз ироаи муфассали  барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ худдорӣ кард”, - мехонем дар саҳифаи ин ҳафтанома.

Номзад ба вакилӣ аз ҲХДТ Муродулло Давлатов дар суҳбат бо “Тоҷикистон” (№6 (11000) аз 12-феврали соли 2015), ки зери унвони “Масъулият ё ваколат”  чоп шудааст, гуфтааст, ки “сиёсати қонунгузориро ҷудо аз фарҳанг ва тамаддуни миллӣ дидан, ҳуввияти миллиро нодида гирифтан, хиёнат нисбат ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият аст”.

“Фараж” (№7 (428) аз 11-уми феврали соли 2015) дар мақолаи “Вакилон” менависад, ки “Дар 70 соли Шӯравӣ мағзи сари ҳар фард бо интихоби дурӯғин шах шуда буд-як кас пешниҳод мешаваду ҳамон кас ҳатман интихоб мешавад. Дар таърих нашуда буд, ки каси пешниҳодшуда интихоб нашавад...”

“Миллат” аз номи Рустам Латифзода- Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон навиштааст, ки “истеҳсол ва тиҷорати ғизо фишори сиёсӣ ва аслиҳаи тавоно дар арсаи сиёсати байналмилалӣ хоҳад гашт”.

“ШАЙХ ТЕМУР”

“Озодагон”) дар матлабе бо номи “Дар пушти филми “Ривояти шайх Темур”-и ТВТ чӣ гузашт? Навиштааст, ки ин бор шайх Темур наҳзатӣ набуд ва ин ягона тафовут аз наворҳои пешини ба ин монанд аст. Суолу ҷавоби ду-се муллоро ғарибтарин лаҳзаи филм номидааст ва саволеро, ки иртибот ба саллаи кабуди ӯ доданд, соддатарин савол меномад. Ва нуктаи хотимавии ин мақола: “Аз филм хелеҳо панд гирифтанд. Яке аз пандҳо шояд ин буд, ки дигар ҳаёти шахсиву мукотиба бо телефон ва ғайра мавриди таҷассус қарор мегирад...”

“Фараж” мақолааш дар ин мавзуъро “Бозгашти эмом Маҳдӣ” номидааст ва муаллиф онро чунин хулоса мекунад: “То он даме, ки ҷомеа саросар ҷониби худшиносӣ, омӯзиши таъриху тамаддуни куҳанбунёди худ рӯ наорад, то он вақте ки ақлу дониш раҳнамои аслии ҳаёти инсонҳо нагардад ва теша бар решаи таассуб, ақидаҳои бегонаи фиребандаву раҳгумзананда зада нашавад, бозори чунин “маҳдӣ”-ҳои охирзамон гарм хоҳад буд”.

“Азия-плюс” (№12 (995) аз 12-уми феврали соли 2015) низ ба ин масъала руҷуъ кардааст ва навиштааст, ки ин филм ду таассурот дошт: яке ин ки чашми бисёриҳоро кушод, ки бояд инсони соҳибмаълумот буд, то ин ки ба шабакаи фиребгарон гирифтор наёмад ва баъд, он ба саволҳое посух надод, ки худи муаллифони филм пеш гузоштанд. 

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?